logo

иқтисод

ХАТЛОН. БОЗГАШТИ САФЕДБОЛАКҲО ХАТАР ДОРАД!

Имсол дар майдони 3 ҳазору 200 гектар замини пахтаи вилояти Хатлон сафедболакҳо пайдо шуда, суръати нашъунамои ниҳолҳоро суст намуданд. Ин ҳашароти зараррасон чиниши пахтаро мушкил гардонда, сифати нахро низ паст мекунад.

Саъдулло Бекназарзода, сардори филиали муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химиякунонии кишоварзии вилояти Хатлон, гуфт, ки бо сабаби нисбатан гарм омадани зимистони соли гузашта  сафедболакҳо боз пайдо шуданд. Он заминҳое, ки атрофашон аз рӯи меъёрҳои агротехникӣ коркард ва заҳбуру заҳкашҳо тоза нашудаанд, макони зисти сафедболакҳо гардида, дар чунин намнокӣ ин зараррасонҳо тухм мегузоранду бо омадани фасли гармо афзоиш меёбанд.
Тибқи иттилои коршиносони соҳа, сафедболакҳо дар кишвари мо дар даҳсолаҳои охир пайдо шудаанд. Дарозии ин ҳашароти зараррасон, ки  қанотҳои сафед дорад, 1,5 мм аст. Сафедболакҳо бештар зери баргҳо қарор гирифта, шираи рустаниро мемаканду онро пажмурдаву хароб менамоянд. Дар шакараки ҷудонамудаи сафедболакҳо гурӯҳи занбурӯғҳои сапрофитӣ инкишоф ёфта, аз ин ҳисоб баргҳои рустаниҳо печ мехӯранд ва сиёҳ мешаванд. Ҳашаротест, ки ғайри пахта ба бодирингу помидор, лӯбиёиҳо ва дигар зироатҳо низ  зарар мерасонад.
Ҳоло дар 3200 гектар пахтазори шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Ҷайҳун, Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор, Данғара ва Кӯлоб сафедболакҳо пайдо шудаанд.
- Усули афзалиятноки нобуд сохтани сафедболакҳо истифодаи заҳрхимикатҳо мебошад. Фақат меъёр ва замону усули дурусти истифодабарии онҳоро бояд донист. Дар акси ҳол парваришу фурӯши  ин ашёи хом аз ҳар ҷиҳат мушкил мешавад, - гуфт Саъдулло Бекназарзода.
Ба андешаи мутахассисон, дар пахтазор бар зидди сафедболак бо усули кимиёӣ мубориза бурдан имконпазир аст, аммо дар зироатҳои хӯрока, ба монанди  помидору бодиринг ва полизиҳо истифодаи заҳрхимикатҳо барои саломатии истеъмолкунандагон хатар дорад. Аз ин рӯ, беҳтарин роҳи мубориза нобуд сохтани сафедболакҳо пеш аз тухмгузориашон аст. Бо назардошти ин мушкилот кормандони муассиса тасмим гирифтаанд, ки моҳи феврали соли оянда - қабл аз оғози баҳор заминҳоро коркард намоянд. Ҳамзамон, дар ин зимн гузарондани семинар - машваратҳои омӯзиширо барои деҳқонон ба нақша гирифтаанд.
Кормандони муассиса соли равон барои пешгирӣ намудани зарари ҳашарот як қатор тадбирҳои судмандро амалӣ намуданд. Гурӯҳи кории таъсисёфта раванди корҳои пешгириву мубориза бар зидди ҳашаротро дар манотиқи вилоят омӯхт. Дар майдони 215 гектар замини ноҳияи Ҷайҳун ҳашароти зараррасон, ба монанди тортанаккана, дар 150 гектар пахтазори ноҳияи Кӯшониён кирми ғӯза ва дар дигар ноҳияҳо бо сабаби беэътибории мутахассисони соҳа паҳншавии ҳашароти дигар ошкор гардид. То 1 сентябри соли ҷорӣ дар майдони 18921 гектар ҳашароти ширинчаю трипс ва дар 10927 гектар тортанаккана ба мушоҳида расид ва пахтазор фавран бо истифодаи заҳрхимикатҳо коркард шуд. Дар натиҷа, мушкилот то як андоза бартараф гардид. Ҳамин ҳолат дар боғу токзорҳо низ ба мушоҳида расид ва масъулони соҳа кӯшиш намуданд, ки ин мушкилотро сари вақт пешгирӣ кунанд.
Вазъи баамаломада тақозо менамояд, ки масъулони соҳа тадбирҳои саривақтию муассир андешанд, аз ҷумла қабл аз кишт заминро бо усули химиявӣ коркард намоянд, ҳамчунин, дигар  роҳҳои мубориза бо зараррасонҳоро истифода баранд.

Анвар ҲАФИЗ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2019    №: 187    Мутолиа карданд: 1420
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед