logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

КОРРУПСИЯ
Дуздии корманди соҳаи нафақа аз хазинаи давлат
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Майсара Расулова, корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, ҳоло тафтиши пешакии кирдори Майсара Расулова, мутахассиси пешбари шуъба оид ба пардохти кӯмакпулиҳои раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ва исрофкорӣ) ва 340 қисми 2 банди “а” (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) идома дорад. Гуфта мешавад, ки "номбурда дар раванди фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ, бархилофи талаботи қонунгузории амалкунанда оид ба таъйин ва пардохти нафақа амал намуда, давоми солҳои 2017 - 2019  бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 5 шаҳрванд ба маблағи умумии 333,508,09 сомонӣ талабот нишон дода, ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронда, тавассути кортҳои пластикии «Амонатбонк» тариқи нақдӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст".
Дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъкид мекунад, ки Майсара Расулова бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расондааст.

ҒОРАТГАРӢ
Боздошти маҳкумшудае, ки боз ба ҷиноят даст зад
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти нафаре ба гумони ғоратгарӣ хабар дод, ки қаблан бо моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.
Гумонбар, ки марди 40 - сола ном бурда мешавад, 27 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як сокини шаҳри Гулистонро бе асос латукӯб намуда, 3000 сомонӣ ва 5000 рубли русиро бо дигар лавозимоташ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Боздошти ғоратгар дар асоси аризаи марди ҷабрдида ба ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муяссар гардида, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба ӯ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2019    №: 187    Мутолиа карданд: 1007
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед