logo

фарҳанг

МУҚАДДАСТАРИН ПЕШАИ РӮИ ОЛАМ

Пояи давлат намонад бе маориф устувор,
Давлати ҷовид хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр!
Дар ҳама давру замонҳо омӯзгор шахсияти маърифатпарвару равшанфикр ва обрӯманду соҳибмавқеи ҷомеа маҳсуб гардида, бунёду пешрафт ва рушди ҷамъият аз талошу заҳматҳои ҳамешагии ӯ ба амал меоянд. Маҳз омӯзгорон тавассути мактабу маориф ба ҷомеа нуру зиё бахшида, ояндаи накуи насли наврасро таъмин месозанд. Омӯзгор шахсияти фидоиест, ки тамоми нерую тавоноӣ ва маҳорати хешро баҳри ташаккулу сайқалёбӣ ва камолоти шогирдонаш равона намуда, умри азизи худро дар ин роҳи мушкилу бошараф сарф месозад. Фаъолияти омӯзгор бо бархӯрдор будани заминаи воқеии мавҷудияти касбиаш аз донишу маҳорати азалӣ обуранг ва ҷилои тоза гирифта, дар чунин ҷараёни муташаккилу пурбаракат маҳсули заҳматҳояш дар таълиму тарбияи насли наврас аён мегардад.

Дар ҳақиқат, омӯзгори дарёдилу дардошно ва фидоии илму маърифат ҳамеша хоксор асту қаноатпеша ва баҳри ба низоми муайян даровардани ахлоқи ҳамидаи шогирдон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ маҳз омӯзгор, муаллим ва устод аст». Омӯзгор аз рӯи принсипи адолатхоҳона муносибат намуда, нисбат ба ҳамаи таълимгирандагон, сарфи назар аз синну сол, хусусиятҳои фардӣ, лаёқат, нажод, миллат, мазҳаб, аҳволи иҷтимоӣ, ақидаҳои сиёсӣ, маҳали истиқомат ва амсоли ин хайрхоҳ, боилтифот ва меҳрубон мебошад. Ҳангоми баҳодиҳӣ ба санҷишу имтиҳонҳо ва дастовардҳои таълимгирандагон  беғаразона ва одилона амал мекунад. Асосан, омӯзгорӣ на касб, балки ишқ, ишқи эҷодкорӣ, ишқи парвариши шогирди асил ва ишқи маърифату дониши воло мебошад.  Ба ин маънӣ Муҳаммад Ҳиҷозӣ чунин таъкиди наҷиб дорад: «Агар онро (пешаи омӯзгориро-Р.М.) ҳамчун воситаи рӯзгузаронӣ интихоб намудаӣ, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборакат бошад!».  Воқеан ҳам, ин ишқ ҷавҳари маърифат аст, ки омӯзгор бо нури маърифаташ қалби шогирдонро мунаввар ва рангин месозад. Омӯзгор дар фаъолияти касбии хеш эҷодкор ва соҳибистиқлол аст, ҳуқуқу уҳдадориҳои касбии худро риояву эҳтиром мекунад ва ҳангоми иҷрои ин ҳама масъулияти касбӣ манфиати моддӣ, шахсӣ, инчунин, фавоиди оила, хешутаборон ва рафиқонро сарфи назар месозад.
Устод - омӯзгор - муаллим маданияти баланд дошта, бо тамкину одоби хосса суханронӣ менамояд, намуди зоҳирии худро ҳамеша таҳти назорат қарор медиҳад ва пурсабрию таҳаммулпазириро шиори ҳамешагии худ медонад. Омӯзгори асилу ҳақиқӣ ҳамеша ҳусни баён ва муоширати худро такмил медиҳад ва покизагию боназокатиро риоя карда, бо либоспӯшию суханороии бомаданиятона намунаи ибрати шогирдон мегардад. Муаллим дар роҳи таълиму тарбия ва эҷод бояд бо эҳсосоти баланди ватандорӣ рафтор намуда, гуфтору кирдораш бо ҳам тавъам бошанд ва садоқати бепоёни меҳанпарастиву ватандориро бо ҳарорати баланд дар қалбҳои пурҷӯши шогирдон ҷой кунонда тавонад. Рисолати бемисл ва бузурги омӯзгор дар он инъикос меёбад, ки инсони нав, инсони наҷиб ва инсони ҳақиқиро таълиму тарбия дода, ба камол мерасонад. Дар ин пешаву ҷодаи муқаддас  саҳлангорӣ ва номукаммалӣ касро ба қуллаи мақсуд расонда наметавонад. Вақте ки устод бо наҷобати аъмолу гуфтор ва дақиқияти таълимаш ба қалби шогирдон ҷойгир мешавад, ба эҳтироми баланду садоқати беназири шогирдон мушарраф мешавад, барои омӯзгор аз ин армуғони пурарзиштаре вуҷуд надорад.
Таърихи инсоният пешаи омӯзгориро пайваста дар ҷомеа аз ҳамаи касбу ҳунарҳо афзал шумурда, мақому манзалати муаллимро дар ҷойи аввал медонад.  Назари Пешвои миллат ҳам бар ин аст: “Дар ҳамаи давру замонҳо омӯзгор ҳамчун чеҳраи асосии мактабу маориф эътироф гардидааст. Муаллимро дар ҷомеаи мо ҳамчун шахси нурбахшу пешоҳанги ҷомеа, тарғибгари фарзандон ба илму дониш ва инсони нексирату некном иззату эҳтиром мекунанд”.
Омӯзгорон раҳнамои насли наврасу ҷавон ва раҳкушои ояндаи дурахшони фарзандони миллат мебошанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтидои бунёд ва барқарорсозии муносибатҳои инсонӣ, пеш аз ҳама, нақши тарбиятгар – омӯзгорро хеле босазо медонад ва ба ӯ бовар дорад, чун асоси тамоми муносибатҳоро бовариву эътироф ташкил медиҳад.
Дар ин замина Пешвои муаззами миллат ҳам таъкид менамоянд: “Омӯзгор шахсест, ки ҷомеа тақдири фарзанди худро бо умеди ояндаи нек ва ба хотири соҳиби рӯзгори сазовор гардидан ба ӯ месупорад. Ин масъулияти муқаддас аз омӯзгор тақозо менамояд, ки барои тарбияи насли наврас ғамхору дилсӯз ва ташаббускору эҷодкор бошад, касби хешро сидқан дӯст дорад ва нисбат ба шогирдон меҳру муҳаббат дошта бошад”.
Боиси хурсандӣ ва ифтихори омӯзгорон аст, ки ба туфайли сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳамасола дар ҳафтаи аввали моҳи октябр иди касбии омӯзгорон таҷлил мегардад ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар ҷодаи мактабу маориф  ғамхориҳо зоҳир мегарданд. Ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва хайрхоҳӣ ҳамаи устодонро вазифадор месозанд, ки бо масъулияти баланди ватандорӣ касби пуршарафи хешро ба пеш бурда, шогирдони асилу ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯро ба воя расонанд.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,  ректори Донишкадаи давлатии забонҳои
Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2019    №: 188    Мутолиа карданд: 2504
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед