logo

иқтисод

САНОАТИКУНОНӢ. БАРТАРИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

Ба шарофати пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромию ваҳдати миллӣ дар ҳама бахшҳои соҳаи саноат тадриҷан таҳаввулоти ҷиддӣ  ба амал омад.  Ҷиҳати амалисозии саноатикунонии босуръати кишвар, ки алҳол ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст, чӣ тадбирҳои тоза андешида мешаванд?  Дар робита ба ин ва саволҳои дигар Содиқҷон Рустамӣ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешаҳояшро дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” чунин баён намуд:
- Дар раванди ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум соҳаи саноат аҳамияти хосса дорад. Маҳз дар ҳамин замина ҷиҳати инкишофи устувори минбаъдаи кишвар дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ, яъне саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст.
Ҷиҳати таҳия намудани ҳуҷҷати дахлдори стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръати кишвар гурӯҳҳои кории салоҳиятнок таъсис ёфта, дар асоси таҳлили ҳаматарафаи соҳаи саноат (аз ҷумла, стратегия, консепсия ва барномаҳо) лоиҳаи барномаи нав омода гардид, ки бо вазорату идораҳо мувофиқа ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Дар он самаранокӣ, татбиқи босифати барномаю лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ба 22 дарсад расондани ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2030 аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ муайян гардидаанд.
Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки рушди саноати имрӯзаи Тоҷикистон ба хусусияти глобалии иқтисодиёти ҷаҳонӣ мувофиқ гардонда шавад.  Барои муваффақ шудан ба ин  ҳадаф ҳаллу фасли чанд масъала, аз ҷумла аз байн бурдани нақши корхонаҳо ҳамчун истеҳсолкунандаи ашёи хому нимтайёр, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти тайёри содиротию воридотивазкунанда, фаъолгардонии раванди навсозии техникӣ ва технологии истеҳсолот, вусъати корҳои таҳқиқотӣ, таъсиси корхонаҳои нав, истифодаи беҳтари  манбаъҳои ашёи хоми минералӣ дар заминаи иктишофи геологӣ ва зиёд намудани иқтидорҳои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, зарур аст.
Дар сохтори саноат ба гурӯҳи истеҳсолоти коркарди нахи пахта, пилла, пӯст, пашм, истеҳсоли пойафзол, коркарди маъдан, металлҳои ранга ва қиматбаҳо, сангҳои ороишӣ, тавлиди маҳсулоти тайёри алюминӣ, хӯрокворӣ, нуриҳои маъданӣ, воситаҳои кимиёии рӯзгор, маводи бастабандии замонавӣ, зарфу ғунҷоишҳо - дар маҷмӯъ, ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бартарият дода мешавад.
Ҷиҳати рушди саноат соли 2019 бо қарорҳои Ҳукумати кишвар се барномаи соҳавӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025», «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022» ва «Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025» тасдиқ гардидааст. Дар назар аст, ки бо амалисозии барномаҳои мазкур зиёда аз 5000 ҷойи кории нав таъсис дода шавад.
Дар 7 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 14 миллиарду 59,4 миллион сомонӣ расид ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 13,1 дарсад зиёд шуд.
Рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, дар ВМКБ 5,8, вилоятҳои Суғд 10,6, Хатлон 8,2, шаҳри Душанбе 20,6 ва НТҶ 57,5 дарсадро ташкил дод.
Бо истифода аз технологияи муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ таъмин гардида истодааст.
Содироти маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 830,4 миллион сомонӣ расонда шуд. 146 корхона ба фаъолият шурӯъ намуд ва дар онҳо 1862 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид.
Корхонаҳои навбунёд, асосан, равғани рустанӣ, қанди сафед, ҳасиб, мебел, пахтаи тиббӣ, маҳсулоти трикотажӣ, қаннодӣ,  шустушӯӣ, филизӣ, собун, лӯлаҳои пластикӣ, дару тирезаҳои алюминӣ, доруворӣ, халтаҳои полипропеленӣ ва масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол менамоянд.
Иҷрои супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мо - саноатчиёни мамлакатро водор месозад, ки аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода бурда, саҳми  саноатро дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд намоем ва  Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ истиқбол гирем.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2019    №: 188    Мутолиа карданд: 2555
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед