иқтисод
ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ ҲАШТ МОҲЕ, КИ ГУЗАШТ
Таҳти раёсати Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, натиҷагирии нишондиҳандаҳои ҳаштмоҳаи иқтисодию иҷтимоии вилоят сурат гирифт. Зикр шуд, ки новобаста аз мавҷудияти камбудиҳои ҷузъӣ дар баъзе самтҳо, дар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ пешравиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд.
Нақшаи андозҳо дар ин давра 101,1 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 756,4 миллион сомонӣ ворид гардид, ки дар қиёс ба дурнамо 8,3 миллион сомонӣ зиёд аст.
Алҳол дар вилоят 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 453,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои иқтисодии вилоят ба 1 миллиарду 668,1 миллион, аз ҷумла сармояи мустақими хориҷӣ ба 1 миллиарду 480,4 миллион доллар, расид. 29 ҳазору 957 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8188,1 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 7,5 дарсад (568,8 миллион сомонӣ) расонда шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 921,2 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 465,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз самари меҳнати аҳлонаи саноатчиёни вилоят суръати афзоиш 10,4 дарсад таъмин гардид. Ҳоло дар вилоят 90 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.
Дар самти сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо азхудкунии маблағгузориҳои асосӣ 1 миллиарду 317,5 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ 947,6 миллион сомонӣ, пудратӣ 520,8 миллион сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 2 миллиарду 98,3 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин муддат 924 иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 1 миллиарду 804 миллион сомонӣ (ғайр аз хонаҳои шахсӣ), аз ҷумла 25 мактаб барои 3 ҳазору 805 ҷойи нишаст, 4 боғчаи бачагона, 52 иншооти тандурустӣ, 4 фарҳангӣ, 58 варзишӣ, 30 корхонаю коргоҳи саноатӣ ва бинои истиқоматии баландошёна ба истифода дода, таъмири асосии 53,1 километр ва сангфарш кардани 832 километр роҳи автомобилгард, барқарорсозии 20 пул, кашидани 50 километр хати оби ошомиданӣ ва навсозии 449 иншооти дигар ба анҷом расонда шуд.
Дар доираи омодагиҳо ҷиҳати истиқболи шоистаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии 6 ҳазору 710 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то 1-уми сентябри соли равон 2 ҳазору 437 иншоот мавриди истифода қарор гирифт.
Раиси вилоят дар поёни ҷаласа бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ иброз дошт, ки ба хотири истиқболи сазовор аз 30 - юмин солҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина марҳила ба марҳила фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини вилоят беш аз пеш пурсамар мебояд меҳнат кард.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.10.2019 №: 188 Мутолиа карданд: 2587