logo

иқтисод

БОЗОР. ХӮРИШҲОРО ДАР ЧӢ ҲОЛ МЕФУРӮШАНД?

Дар бархе бозору фурӯшгоҳҳои пойтахт ба мушоҳида мерасад, ки  хӯришҳоро дар ҷойҳои серодам ва канори роҳу гузаргоҳҳо мефурӯшанд. Ин ҳол моро водор кард, ки аз ин мавзеъҳо дидан намоем.

Дар бозорҳои “Саховат” ва “Деҳқон” хӯришҳои  гуногунро дар ҳавои гарм бе ягон сарпӯш ва зарфи махсус дар дохили сатилҳои одӣ мефурӯшанд. Ин дар ҳолест, ки аз назди фурӯшандаҳои хӯришу таомҳо одамони зиёд рафтуо мекунанд.  
Бино ба гуфтаи масъули  бахши гигиенаи хӯрокаи сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Аҳлиддиншоҳ Қандаков, дар бозорҳо ҳар моҳ  як  маротиба  барои санҷиши вазъи тозагӣ рӯзи санитарӣ гузаронда мешавад.
- Дар  ҳар бозор маъмурият ва ташхисгоҳи экспертизаи   санитарию байторӣ фаъолият менамояд, ки вазифаи онҳо назорат кардани сифату ҳолати маҳсулот мебошад. Соли ҷорӣ мутахассисони марказҳои назорати давлатии  эпидемиологии шаҳру ноҳияҳо якҷо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои назоратӣ оид ба ҳолати санитарии бозорҳо 12 рейд гузаронданд. Дар натиҷа, 67 фурӯшанда аз ҷойҳои номувофиқ ба ҷойҳои  ҷавобгӯи талабот  гузаронда, 129 нуқтаи савдои ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ номувофиқ  барҳам ва 45 фурӯшанда ҷарима баста шуданд. Сокини пойтахт Абдураҳим Раҷабов гуфт, ки бо сабаби дар ҷойи ифлосу чиркин фурӯхтани хӯришу таомҳо ман ҳеҷ гоҳ чунин маҳсулот намехарам. Бархе аз сабаби надонистани зарари маҳсулоти пастсифат аз бозорҳо маҳсулоти арзонро дастрас кардан мехоҳанд ва намедонанд, ки он ба саломатӣ зарари ҷиддӣ дорад. Хуб мешуд, ки масъулин чунин маҳсулоти пастсифат, бахусус хӯришҳоро аз  бозорҳо  бардоранд ё барои онҳо шароити хуб фароҳам оваранд.
Ба ақидаи Фарҳод Ҳасанов, мудири кафедраи беҳдошт ва экологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, пеш аз он ки хӯришҳо дар бозорҳо ба савдо бароварда шаванд, фурӯшандаҳо бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва дафтарчаи хулосаи санитарии худро дошта бошанд.
Ҳамсуҳбати дигари мо Нӯшервони Билол, устоди ДДТТ, доир ба ин мавзӯъ чунин гуфт:
-Хӯриш маҳсулотест, ки зуд вайрон мешавад. Аз ин рӯ, илми тиб барои муҳлати нигаҳдошт ё ба савдо баровардани ин гуна маҳсулот меъёрҳои санитарию гигиенӣ муқаррар кардааст. Дар ин гуна хӯришҳо хавфу хатари бемориҳои сироятӣ дида мешавад. Агар дар вақти омода кардан, аз як ҷой ба дигар ҷой  бурдан ва фурӯши чунин маҳсулот қоидаҳои санитарӣ риоя нашаванд, эҳтимоли заҳролудшавии одамон меафзояд.
Саломатиро бе риояи тозагӣ ҳифз кардан мушкил аст. Беҳуда таъкид намекунанд, ки “Тозагӣ гарави саломатист”. То куҷо ба гуфтаҳои мутахассисони соҳаҳои тиб ва санитарию эпидемиологӣ рост омадани вазъи воқеӣ дар бозорҳоро ба қазовати хонанда мегузорем.
З. РАҶАБ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2019    №: 191    Мутолиа карданд: 2667
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед