logo

фарҳанг

БИРАВ, ЗИ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР БАҲРА БИГИР...

Тоҷикон дар таърихи тамаддуни дунё мавқеи хоса доранд. Ин миллатро бо Фирдавсӣ, Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигар фарзандони нобиғааш мешиносанд.

Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест! Ин хитобаи одӣ, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму оин ва дину русуми худ мудом воқиф бошем.
Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас, ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири дигар, «манқурт» мешавад. Яъне, инсон таърихи гузаштаашро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст.
Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш қисме аз давлату миллатҳои абарқудрат пора – пора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардиданд. Дар таърих чунин мисолҳо фаровонанд.
Сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Халқи тоҷик барои ноил шудан ба озодӣ бо кору пайкор, созандагӣ ва бунёдкорӣ, ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Таърихе, ки саршор аз лаҳзаҳои пирӯзӣ, часпу талош барои ташаккули тафаккури милливу ривоҷу равнақи давлатдорӣ, илму фарҳанг ва гулгун аз хуни мардони муборизу фидокор аст.
Аммо пӯшида нест, ки солҳои тӯлонӣ мо аз омӯзиши мероси таърихии халқи худ як андоза дур мондем. Дар мактабу донишгоҳҳо ба мо ва фарзандонамон на таърихи халқи тоҷик, балки гузаштаи халқҳои дигарро меомӯзонданд. Ин муносибати носолим дар таърихомӯзӣ ва таърихдонии мардуми мо рахнае гузошт. Шояд, як сабаби аз асли хеш каме дур мондан ва паст рафтани маънавиёт, коҳидани ахлоқи ҷомеаи мо ҳамин бошад.
Бо шиносоӣ ба таърихи миллати хеш кас аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболад ва баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷаҳолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шуҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангӣ дил реш мегардаду ба андеша водор месозад.
Бале, аз дасти чунин фарзандони носипос, ки аз таъриху тамаддун ва фарҳанги ҳазорсолаи хеш бехабаранд, имкон дорад номи чунин як халқе бо ин бузургӣ дар паҳнои таърихи навини башар доғдор гардад.

С. ТАИБОВ, З. ТУРСУНОВА, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи
Абуалӣ ибни Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2019    №: 191    Мутолиа карданд: 1383
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед