logo

маориф

ХАТЛОН. МАОРИФ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

Фазои осудаи кишвар, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дар ҳамин замина фароҳам овардани шароит баҳри тараққӣ, тадбирандешиҳои судманди Вазорати маориф ва илм, сарсупурдагии омӯзгорони асил ба касб ва ниҳоят, бетафовут набудани аксари волидон ба донишомӯзии фарзандон имкон дод, ки соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар радифи дигар арсаҳои иҷтимоӣ ба натиҷаҳои чашмрас бирасад. Ва дар заминаи ҳамин ободкориҳо доир ба навгониҳое, ки дар доираи таҷлили шоиста аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд, бо муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Сайфулло Лутфуллоев суҳбат оростем, ки онро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем:
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ маорифро яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои муҳайёсозии шароитҳои созгор дар таълимгоҳҳо ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълиму тарбия тадбирҳои судманд амалӣ карданд. Дар баробари устувор намудани заминаи моддии муассисаҳои таълимӣ, ба  баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд. Ин, пеш аз ҳама, тавассути муқаррар намудани имтиёз ва тадриҷан зиёд кардани музди меҳнати аҳли илм роҳандозӣ гашт. 
Бархӯрдор шудани омӯзгорони ҷавон аз имтиёзҳои муқарраркардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ яке аз падидаҳои неки замони истиқлолият буда, то имрӯз дар ҳудуди вилоят 2 ҳазору 59 нафар бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуд.
Барои ҳавасманд кардани наврасону ҷавонон ба донишандӯзӣ низ тадбирҳои зиёд андешида шудаанд, ки яке аз онҳо таъйин кардани стипендияи президентӣ мебошад. Соли ҷорӣ 145 нафар ба гирифтани стипендия мушарраф шуд. Ҳамчунин, барои писарону духтарони болаёқат Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул ба муассисаҳои олии касбии кишвар  амал менамояд, ки тавассути  он теъдоди муайяни ҷавонони соҳибилм ҳар сол соҳиби номи пуршарафи донишҷӯ мешаванд. Бахусус, духтарони деҳот имкон пайдо мекунанд, ки ба муассисаҳои олии касбии кишвар дохил шаванд. Дар партави ин ғамхории Сарвари мамлакат аз соли 1997 то имрӯз 8 ҳазору 193 ҷавон (аз ҷумла, 4 ҳазору 994 духтар) ба 16 муассисаи олӣ дохил шуда, қисми зиёдашон донишгоҳу донишкадаҳоро хатм карда, ба давлату Ҳукумат содиқона хизмат доранд.
Бо қабули барномаҳои давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рушди раванди омӯзондан ва азбаркунии донишҳои муосир боз ҳам беҳтар гардид. Кабинетҳои технологияи информатсионии муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии вилоят дар маҷмӯъ, бо 22 ҳазору 634 компютер ва  3 ҳазору 885  принтер таъмин шуданд. Бо назардошти афзоиши толибилмон, қарор аст, ки дар панҷ соли оянда барои муассисаҳои таълимии вилоят боз 19 ҳазору 580 компютер ва 1 ҳазору 205 тахтаи электронӣ харида шавад, ки кор дар ин самт хуб ҷараён дорад.
Боиси хушнудист, ки дар партави дастгири Ҳукумати кишвар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, падару модарон ва соҳибкорон ба масоили ободонию бунёдкорӣ беш аз пеш диққат дода истодаанд. Чунончи, то 30 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят марбут ба соҳаи маориф бунёди 510 иншоот, аз ҷумла 63 муассисаи томактабӣ, 156 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 169 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва дар назди 122 муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ дар нақша аст. Фақат ҳамин сол дар шаҳру навоҳии вилоят 84 иншооти иборат аз 463 синфхонаи дорои 10 ҳазору 521 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо истифода аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои истиқлолият дар ҳудуди вилоят 17 муассисаи интернатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар онҳо 2 ҳазору 976 нафар тарбиягирандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат фаро гирифта шудаанд.
То Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ягон муассисаи типи нав, аз ҷумла гимназия ва литсей фаъолият намекард. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 49 мактаби типи нав, аз ҷумла 23 гимназияи давлатӣ, 2 гимназияи ғайридавлатӣ, 1 муассисаи таълимии хусусӣ, 22 литсейи давлатӣ  фаъолият доранд.
Дар даврони истиқлолият дастовардҳои мактаббачагони вилоят дар озмуну чорабиниҳо ва олимпиадаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва бо медали тилло ва нуқра хатм кардани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ беҳтар гардид. Соли таҳсили 2018 - 2019 хонандагони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва фосилавӣ сазовори 267 ҷой, аз ҷумла 52 медали тилло, 61 медали нуқра ва 154  медали биринҷӣ гардиданд, ки 191  адад нисбат ба соли 2016 зиёд аст.
Болоравии сатҳи сифати таҳсилоти хонандагонро дар дохилшавии онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази  миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Агар дар соли 2014 шумораи дохилшудагон 915 нафар (22,6%) бошад, пас, ин шумора дар соли 2019 ба 25 ҳазору 565 нафар (54,3%) расид, ки нисбат ба соли 2014 - ум 31,7 дарсад зиёд аст.
Хуллас, бо боварии том метавон изҳор дошт, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз соҳаи маориф дар вилояти Хатлон дар радифи дигар минтақаҳои мамлакат ба марҳилаи сифатан нави пешрафт ворид шуд, ки ин бемуҳобот заминагузории мустаҳкамест барои ояндаи дурахшони мо.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2019    №: 192    Мутолиа карданд: 4768
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед