logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим - Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев иштирок карданд.
Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нишасти хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ҷараён гирифт.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи иттиҳод, натиҷаи раёсати Туркманистон дар иттиҳод ва мавзӯъҳои асосии ҳамкорӣ, интихоби раёсати иттиҳод дар соли 2020, дигар масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сухан ронданд.
Сарвари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби узвияти худ дар иттиҳод ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзо дар ҳама соҳаҳо мебошад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ, таҳкими муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо ва тавсеаи робитаҳои гуманитарӣ аз натиҷаҳои бобарор ва назарраси ҳамгироии ҷонибҳо дар солҳои гузашта мебошад. Изҳори бовар карда шуд, ки қабули қарорҳои имрӯза оид ба масъалаҳои рушди босамари ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида мусоидат менамояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки имрӯзҳо ба равандҳои рушди вазъияти байналмилалӣ зуҳуроти баланд шудани сатҳи таҳдидҳои глобалӣ ва хатарҳои амниятӣ хос аст. Дар чунин шароит, таъмини муваффақонаи манфиатҳои умумии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз бисёр ҷиҳат аз амалҳои минбаъдаи ҳамоҳангшуда вобаста аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки иҷроиши пайгиронаи қарорҳои қаблан қабулшуда дар соҳаҳои дахлдори ҳамкории мо аҳамияти бузург дорад ва мо бояд онро минбаъд низ идома диҳем.
Дар интиҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳо, аз ҷумла Изҳорот дар бораи ҳамкории стратегии иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ,  қабул  гардиданд.  Ҳамчунин, қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2020 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардад.
Дар ин зимн, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти муваффақонаи Туркманистонро дар садорати иттиҳод таъкид карданд.
Сарвари давлат ҷониби Ӯзбекистонро ба муносибати гузаштани раисӣ ба он дар соли оянда табрику муборакбод ва ба Сарвари ин кишвари дӯсту ҳамсоя дар иҷрои вазифаи сермасъули раисӣ барори кор орзу карданд.
Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зимни нишасти матбуотӣ бо доираи васеи хабарнигорон натиҷагирӣ шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2019    №: 193    Мутолиа карданд: 922
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед