logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Ба афкори сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ ва фаъолияти давлатдорию давлатсозӣ ворид гардидани вожаи Конститутсия ва баъдан матни он ҳамчун муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, аз рӯйдодҳои муҳими таърихи башарият маҳсуб меёбад. Зеро ин вожа на дар ҷойи хушку холӣ ва на берун аз ҳаёти моддию иҷтимоии инсоният, балки аз ҳастӣ, ҳувият ва кӯшишу ғайрати инсон барои озодӣ, баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ рӯйи кор омада, арзи ҳастӣ кардааст.
Қабули Конститутсияи соли 1994, ки мо дар арафаи 25 - солагии он қарор дорем, ба давраи саъю кӯшиш ва талошҳои роҳбарияти давлати тозабунёд ҷиҳати дарёфти роҳи инкишофи миллӣ ва давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки якпорчагӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери суол қарор дода буд, рост омад.
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни Конфронси байналмилалии илмию амалӣ (3 ноябри соли 2010) зикр намуданд: «Халқи Тоҷикистон бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд». Сарвари давлат бо назардошти моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва таърихии Конститутсия онро сарчашма ва бақои давлату миллат арзёбӣ карданд.
Татбиқи муқаррароти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба амал баровардани сиёсати баркашидаи хориҷӣ, ки он бо номи «дарҳои кушода» эътироф мешавад, ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ ноил гардид. Сиёсати дохилии  давлат, агар самти фаъолияти мақомоти иҷроияи онро дар дохили ҷомеаи аз тарафи онҳо идорашаванда муайян намояд, пас, сиёсати хориҷии давлат самти фаъолияти мақомоти иҷроияи онро дар муносибат бо дигар давлатҳо муайян менамояд.
Моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи махсусест, ки дар он масъалаҳои муҳими сиёсати хориҷии давлат, аз қабили дар амал татбиқ намудани сиёсати сулҳҷӯёна аз тарафи Тоҷикистон, эҳтиром намудани соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян намудани муносибатҳои хориҷӣ, манъ будани ташвиқоти ҷанг, вобаста ба манфиатҳои олии халқ дохил шудан ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз онҳо баромадан, робита намудан бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ муқаррароте мебошанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон нақши муҳим доранд.
Имрӯзҳо давлати мо бо 130 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, беш аз 160 мамлакат Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кардааст. Давлати соҳибистиқлоли мо дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба беш аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли муоҳидаҳо, паймонҳо, хартияҳо ва эъломияҳо аъзо шуда, бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 санади дуҷониба ба имзо расондааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро танзим менамоянд.
Тавре маълум аст, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об низ дар ҷаҳон назир надоранд. Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълон шудани соли 2003 Соли байналмилалии «Оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», барои солҳои 2005 - 2015», соли 2013 эълон шудани «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018 - 2028» аз нақши барҷастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.
Татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ бо назардошти амиқ дарк кардани манфиатҳои миллии мамлакат, шаҳодати онанд, ки Конститутсия  ҳамчун ҳуҷҷати олӣ ва муҳими сиёсӣ ва санади эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳои беназир раҳнамун месозад.

Фаррух ШАРИФЗОДА, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Ҷумҳурии Туркманистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.10.2019    №: 194    Мутолиа карданд: 1373
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед