logo

иқтисод

ПАНҶАКЕНТ. ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ "ЗАРАФШОН ФРУТС"

Бо ибтикори иттиҳодияи фермерии «Ганҷи Зарафшон», ширкати «Агроснабтех», соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии Ташкилоти байналмилалии «Oxfam» - и Британияи Кабир дар шаҳри Панҷакент аввалин корхонаи коркарди мева - «Зарафшон фрутс» ба фаъолият шурӯъ кард. Мақсад аз бунёди корхона зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли меваи хушк, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун гардондани даромади деҳқонон арзёбӣ мешавад.

Шавкат Ализода, директори дафтари Ташкилоти байналмилалии «Oxfam»-и Британияи Кабир дар Тоҷикистон, иброз дошт, ки корхона барои истеҳсоли себи хушк махсус гардонда шуда, дар оянда навъҳои гуногуни ангурро низ ба хориҷи кишвар содир менамояд. Ин барои зиёд шудани истеҳсоли мева дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои дигари водии Зарафшон ва ҳавасмандии боғпарварон, ҳамчунин, дастрасии зиёда аз 800 боғпарвар ба бозори дохил ва хориҷи кишвар имкон фароҳам меорад. 
Таъсиси корхонаи «Зарафшон фрутс» ба ҳадафҳои Ҳукумати кишвар, аз ҷумла «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020», мусоидат менамояд. 
Корхона дар як соат то як тонна себ коркард мекунад. Тибқи нақша, бо насб намудани таҷҳизоти нав ҳаҷми истеҳсолот чор - панҷ баробар зиёд мегардад. Бо ин мақсад, шартномаи ҳамкорӣ имзо шуда, мувофиқи он ба наздикӣ барои корхона таҷҳизоти зарурӣ дастрас ва васлу насб мешавад.
Айни ҳол боғпарварон барои фурӯхтани себи аълосифат ниёз ба дастгирӣ надоранд. Дар корхона себи сифаташ дуюмдараҷа, ки  онҳо ба фурӯш бароварда наметавонанд, коркард шуда, ҳамчун маҳсулоти хушкмеваи ватанӣ ба хориҷа содир мегардад.
Куллан беҳ шудани муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имконият фароҳам овард, ки хушкмеваи водии Зарафшон ба ин мамлакат содир гардад. Ин маҳсулот дар Ӯзбекистон харидори зиёд дорад. Хушкмеваҳои Тоҷикистон дорои сифати баланд буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза эътироф шудаанд ва дар бозори ҷаҳонӣ, хусусан Аврупою Осиё, талабгорони зиёд доранд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии «Oxfam»-и Британияи Кабир, шарикони рушд ва ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ дар водии Зарафшон бо мақсади рушди деҳот чунин лоиҳаҳои судмандро амалӣ гардонда истодааст. Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаҳо, мусоидат ба рушди устувори деҳот тавассути истифодаи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2019    №: 195    Мутолиа карданд: 2305
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед