logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи тадбирҳо оид ба амалисозии иқдоми «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани сармоягузорӣ дар соли 2019» бо иштироки раисони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорону тоҷирон, ҳамчунин, коршиносон ва мутахассисони сохторҳои марбута дар бинои «Душанбе - Плаза» зери унвони «Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ» конфронс доир гардид.

Умед Гуреззода, муовини раиси шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои муассири Ҳукумати кишвар  Тоҷикистон дар самти рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Айни замон мусоидати ҳамаҷониба ба рушди соҳибкорӣ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, рушди соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ, омили муҳими баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.
Зикр гардид, ки дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи  548,2 миллион доллари ИМА амалӣ гардида, аз оғози татбиқ то ҳол 358,5 миллион аз худ карда шудааст. Дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳр ҳаҷми умумии воридоти сармоя беш аз 230 миллион доллари ИМА, аз он сармоягузории хориҷӣ қариб 94 миллион долларро ташкил дод.
Дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳр 32 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият карда, ба буҷети шаҳр қариб 94 миллион доллар маблағ ворид намуданд.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли равон ба соҳибкорони шаҳри Душанбе аз тарафи бонкҳои кишвар ва ташкилотҳои қарзӣ 1,5 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 25 дарсади ҳаҷми умумии қарзҳои дар миқёси ҷумҳурӣ ҷудошударо ташкил медиҳад. Дар асоси маълумоти феҳристи ягонаи давлатӣ, дар нуҳ моҳи соли равон дар пойтахт шумораи умумии соҳибкорон ба 42 ҳазору 210 нафар расид.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2019    №: 195    Мутолиа карданд: 726
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед