logo

фарҳанг

ТВ «ХАТЛОН» БА ФОРМАТИ HD МЕГУЗАРАД

Дар идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон бо иштироки Махфират Хидирзода, муовини раиси вилоят, оид ба натиҷаҳои фаъолияти идора дар нуҳ моҳи соли равон ҷаласаи ҷамъбастӣ доир шуд.

Дар ин бора Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод.
- Ҷомеаи имрӯза барои огоҳӣ аз навигариҳои рӯз, пайдо намудани таассуроти илмию эстетикӣ нисбати олами ҳастӣ ба воситаҳои ахбори омма хеле ниёз дорад, - иброз дошт Махфират Хидирзода.
Мақсад аз сарфи маблағҳои зиёд барои фаъолияти шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ ҳифз ва таъмини фазои ягонаи иттилоотии кишвар, таблиғи сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат, ҳифзи арзишҳо ва музаффариятҳои давлатдории навини миллӣ мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, соли ҷорӣ бо қарори раиси вилоят барои харидорӣ ва насби таҷҳизоти муосири телевизионӣ ба идораи телевизион ва радиои вилоят 750 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ҳоло насби таҷҳизот бомаром идома дорад. Зикр гардид, ки аз 27 июли соли ҷорӣ пахши доимии ТВ «Хатлон» ва ТВ «Кӯлоб» дар як лифофа бо барномаҳои телевизионии «Душанбе HD», «Футбол», «ТМТ «Шаҳнавоз», «Бадахшон» тариқи моҳвораҳои AL Vah 1 ва NSS 12 оғоз гардид.
Соҳибназари Муҳамадғоиб, сардори идораи телевизион ва радиои вилоят, иброз дошт, ки аз моҳи ноябри соли равон барномаҳои телевизиони «Хатлон» бо формати пахши дақиқияташ баланд - HD ба эфир мебарояд.
Зимни ҷаласа, ҳамчунин, аз кормандони васоити ахбори оммаи вилоят даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҳар як рӯйдоду воқеаҳои олам тавассути барномаҳои таҳлилӣ вокуниши саривақтӣ нишон диҳанд. Ҳамзамон, ба роҳбарияти идораи телевизион ва радиои вилоят дастур дода шуд, ки барои беҳтар кардани сатҳу сифати барномаҳо ва баланд бардоштани дараҷаи касбияти кормандони эҷодиву техникӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2019    №: 195    Мутолиа карданд: 2341
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед