logo

сиёсат

БОЗДИД АЗ ҚИСМИ НИЗОМӢ ВА ПОЙГОҲИ ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ

17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз навсозӣ бинои ситоди отряди сохтмониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароитҳои қисми низомӣ шинос шуданд.
Бино аз ду ошёна иборат буда, дар ҳуҷраҳои муосиру барҳаво барои фаъолияти ҳайати шахсӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин, дар бинои ситод толори барҳаво бо 240 ҷойи нишаст бунёд ёфта, барои гузарондани маҳфилу чорабиниҳои гуногун имконияти муосир фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳудуди иншоот ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии сарбозон Осорхонаи Пешвои миллат бунёд ёфтааст. Пас аз шиносоӣ бо шароити осорхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузоштанд.
Ҷиҳати сайқал додани дониши сарбозону афсарон, дар дохили ситод китобхонаи муосир бунёд ёфта, бо адабиёти баландмазмун таъмин гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки китобхона ба шабакаи интернет пайваст буда, сарбозон метавонанд аз китобхонаи электронӣ ба таври васеъ истифода баранд.
Президенти мамлакат дар ҳамин ҷо бо фаъолияти сехҳои истеҳсолии отряди сохтмонӣ аз  наздик шинос шуданд ва бо сарбозон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди қисми низомӣ панҷ сехи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолият намуда, дар доираи корҳои навсозӣ ҳамаи коргоҳҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири корӣ таъмин гардидаанд. Дар коргоҳҳо симтӯр, симхор ва дигар маҳсулоте, ки барои ҳифзи хати сарҳад заруранд, бо сифати баланд истеҳсол карда мешаванд.  Ҳамзамон, дар ҳудуди отряди сохтмонӣ истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва дару тирезаҳои пластикиву чӯбӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин маҳсулот барои бунёди дидбонгоҳҳо, қисмҳои низомӣ ва отрядҳои сарҳадӣ дар мамлакат истифода бурда мешаванд. Сарбозон барои истифодаи таҷҳизоти мазкур аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, малакаи хуби корӣ доранд. Пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ, дар баробари обутоби бадан, сарбозон ҳамчун мутахассисони соҳибмалака ба хона бармегарданд, ки ин таҷриба, бешубҳа, дар ҳаёти ҳаррӯзаашон манфиати зиёд хоҳад овард. Тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти корие, ки дар коргоҳҳо насб шудаанд, аз хориҷи мамлакат ворид гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки дар қисми низомии мазкур барои хизмати ҷавонон дигар шароитҳои муосир низ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди отряд майдончаи варзиш барои бозиҳои футбол ва волейбол таъмиру таҷдид шуда, барои тамринҳои пагоҳирӯзии афсарону сарбозон бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид.
Сарбозон дар қисми низомӣ бо хӯроки серғизо, сарулибоси мавсимӣ таъмин буда, хобгоҳи он аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ҷиҳати фароғати хуби сарбозону афсарон дар дохили қисми низомӣ як гулгашти муосир бо ду суҳбаткадаи барҳаво бунёд ёфта, дар атрофи онҳо гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудаанд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афсарону сарбозон даъват ба амал оварданд, ки масъулияти бузурги бардӯшдоштаашонро бо сари баланд иҷро намуда, барои ҳифзи марзу буми кишвари соҳибистиқлол ҳамеша ҳушёр ва далеру чолок бошанд.
Мусаллам аст, ки шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ва сатҳу сифати хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мавриди таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат қарор дошта, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Хусусан, Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат бо дастгирии Пешвои муаззами миллат бо муосиртарин шароит ва дастгоҳҳои соҳавӣ таъмин гардида, отрядҳои сарҳадӣ ва қисмҳои низомии он пурра навсозӣ гаштаанд.

17 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ оғоз бахшиданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зисти манзилҳои истиқоматӣ, ки барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳудуди қисми низомии мазкур бунёд гардидаанд, шинос шуда, ба 23 оилаи муҳофизони марзу буми кишвар калиди манзилҳои истиқоматиро тақдим карданд.
Ҳуҷраҳои истиқоматии навбунёд, бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи зист, дар ҳудуди пойгоҳи низомии таъминотӣ барои оилаҳои афсароне, ки дар ҳимояи марзу буми мамлакат адои хизмат менамоянд, пешбинӣ гардидаанд.
Оилаҳои афсарон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити арзандаи кор ва будубош изҳори сипос намуданд.
Дар қисми ҳарбӣ барои ҳайати шахсӣ хонаҳои хизмати маишӣ, аз ҷумла сартарошхона, хонаи фароғатӣ ва хонаи дарзмолкунии либос мавҷуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ сабзавоту мевагӣ, полизиҳо, чорво ва парандаҳои гуногун ба намоиш гузошта шуданд, ки ҳамаи онҳо дар хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ парвариш карда мешаванд.
Барои беҳтар намудани таъминоти ҳайати шахсӣ бо маводи ғизоӣ дар хоҷагиҳои ёрирасон соли 2019 дар масоҳати умумии 390 гектар маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда шуд.
Афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар баробари таъмини амнияти миллӣ, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, ҳамзамон, бо истифода аз хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, саҳми арзанда мегузоранд.
Имрӯзҳо хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар шаҳру ноҳияҳои Лахш, Ховалинг, Рӯшон, Ишкошим, Панҷакент, Исфара ва Кӯҳистони Мастчоҳ амал мекунанд. Дар ҳудуди шаҳраки ҳарбӣ ду бинои алоҳидаи анборҳои марказӣ бо сардхонаҳо ҷойгиранд, ки барои захираи маводи ғизоӣ пешбинӣ шудаанд.
Сипас, Сарвари давлат бо шароити фароҳамгардидаи бинои навбунёди ситоди қисми ҳарбӣ, ки аз 3 ошёна ва таҳхона иборат аст, шинос шуданд.
Бинои ситоди ҳарбӣ аз 26 ҳуҷраи корӣ барои ҳайати роҳбарикунанда, хобгоҳ барои 240 нафар, ҳаммом, хонаи хизмати маишӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва сарулибоси ҳарбӣ, хонаҳои фароғатӣ ва ҳуҷраҳои кории афсарон иборат мебошад.
 Аснои шиносоӣ бо шароити бинои нав Президенти мамлакат бо сарбозон суҳбати самимӣ карданд.
Тавре маълум гардид, бинои навбунёд барои омӯхтани нозукиҳои сарҳадбонӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Чунин шароити зарурӣ имкон фароҳам меорад, ки минбаъд сарбозону афсарони қисми низомии мазкур бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ҳамчун мутахассиси баландихтисос омода гарданд ва марзу буми кишварро ҳимоя намоянд.
Ҳамчунин, дар дохили пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуда, барои фаъолияти дурусту самараноки он ба масъулон дастуру супоришҳои муфид доданд.
Коргоҳи дӯзандагӣ 50 нафарро ба кори доимӣ ҷалб намуда, дар ин иншоот асосан занону духтарони афсарон ба кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Дар сехи истеҳсолӣ дӯхти сарулибос, рахти хоб ва дигар муҳимоти зарурӣ барои сарбозону афсарони ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ бо сифати баланд омода мешавад.
Бо назардошти талабот дар коргоҳ имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли сарулибоси мактабӣ барои хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ низ мавҷуд аст.
Дар дохили қисми низомӣ Пешвои миллат ба фаъолияти бинои нави «Кохи вафо» оғоз бахшиданд. Бино бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва санъати баланди меъмории миллӣ, аз ҷумла кандакорӣ ба таври зебову назаррабо сохта шудааст. Толори маҷлиси «Кохи вафо» дорои 360 ҷойи нишаст буда, дар он барои гузарондани ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангӣ шароити муосир фароҳам аст. Ин иншоот дорои китобхона бо адабиёти бою рангин барои сарбозон буда, дар дохили он осорхона оид ба фаъолияти созандаи Пешвои миллат ҳамчун намунаи дарси мардонагӣ таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин, дар ҳудуди иншооти мазкур осорхона бо дастгоҳу таҷҳизот барои тамошои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Деворҳои осорхона бо мусаввараҳои таърихӣ, ки аз гузаштаву имрӯзи Тоҷикистон қисса мекунанд, ба таври зебо оро ёфтаанд.
Сарвари давлат зимни суҳбат аз кормандони ин ниҳод назорати ҳамаҷонибаи риояи меъёрҳои қонун ва дигар талаботи ҳарбиро тақозо намуда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар дохили қисми низомӣ, ҳамчунин, мактаби такмили ихтисос фаъолият мекунад. Он барои бозомӯзиву омода намудани мутахассисони бахшҳои гуногуни ҳарбӣ пешбинӣ гашта, баъд аз навсозӣ бо тамоми шароиту имконоти мусоид таъмин мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ кормандони нуқтаҳои назорати сарҳадӣ, алоқачиён, кинологҳо, муҳандисон ва дар маҷмӯъ, аз рӯи 18 ихтисос мутахассис омода мегардад. Барои гузаштан аз курсҳои бозомӯзӣ дар синфхонаҳои дарсӣ шароити муосир ва асбобу аёниятҳои таълимӣ фароҳаманд.
Дар дохили қисми ҳарбӣ нуқтаи тиббӣ бо ҳуҷраҳои доругузаронӣ, хӯрокхӯрӣ ва хоби сарбозон, инчунин, мағозаи хӯроквориву сарулибос мавҷуд мебошанд.
Дар пойгоҳи таъминотии сарҳадӣ ду нуқтаи назорати гузаргоҳӣ ва як нуқтаи назорати техникӣ бо ҳама шароити замони имрӯза бунёд ёфта, деворҳои муҳофизатии гирду атрофи иншооти ҳарбӣ навсозӣ шудаанд. Дар доираи навсозӣ масофаи зиёда аз 11 километр роҳҳои мошингарду пиёдароҳҳои ҳудуди отряд пурра мумфарш карда шудаанд.
Дар ҳудуди пойгоҳи таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ майдони васеи варзиш сохта шудааст, ки дар он сарбозону афсарон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футбол, машғул мешаванд.
Ҳамзамон, толори барҳавои варзиш дар ин пойгоҳи низомӣ бунёд шудааст, ки барои гузарондани чорабиниҳои гуногун, мувофиқ аст. Он аз майдончаи хурд, ҳуҷраҳои корӣ, анбор ва ҳаммом иборат мебошад. Дар толор таҷҳизоти гуногуни варзишӣ мавҷуданд, ки барои тамрини ҳамаҷонибаи афсарону сарбозон ва ҷисман обутоб ёфтани онҳо мусоидат мекунанд.
Барои фарзандони хизматчиёни ин ниҳоди низомӣ дар пойгоҳи таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ майдончаи бозии кӯдакон бо тамоми шароити замони муосир сохта шудааст.
Боғи фароғатӣ дар майдони 491 метри мураббаъ доман густурда, дар он зиёда аз 110 ниҳоли сояафкан ва 2160 адад гулҳои мавсимию доимӣ шинонда шудаанд ва бо чароғакҳо муҷаҳҳаз гардидааст.
Ба хотири сарсабзу хуррамгардонии атрофи иншоот масоҳати 1519 метри мураббаъ гулкорӣ ва сабзазор шуда, зиёда аз 780 адад дарахти мевадиҳандаву сояафкан шинонда шудааст.
Ошхонаи сарбозони қисми ҳарбӣ барои хизмат расондан ба 240 нафар дар як вақт пешбинӣ гардидааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2019    №: 196    Мутолиа карданд: 1290
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед