logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Филворди «Деҳа дар ноҳияи Айнӣ»
Дар филворди навбатӣ номҳои деҳаҳои ноҳияи Айнӣ ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, муштариён бояд аз чап ба рост ва аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, номи онҳоро пайдо намоянд.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


ЗАКОВАТИ ФРАНКЛИН
Ҳангоми баргузории интихоботи навбатӣ ба Палатаи ҳукуматии ИМА ҷавонмарди сарватманду закӣ ва баобрӯе омад. Чун номи Франклин низ дар рӯйхати номзадҳо буд, ба муқобили ӯ баромада, ғояҳояшро рад кард. Аммо Франклин хашму ғазабро фурӯ нишонда, ба суханони ӯ бо таҳаммул гӯш андохт ва бо дасти хаткашон ба рақибаш нома фиристод:
“Дӯсти азизам! Шунидам, ки дар китобхонаатон асари нодире доред. Он барои таҳияи маълумотнома ба ман хеле зарур аст. Агар илтифот фармоеду ҳамон китобро барои чанд рӯз ба ман диҳед, сарам ба осмон мерасад”.
Марди сарватмандро ин хоҳиши ғайриодии сиёсатмадори шинохта дар тааҷҷуб гузошт ва дар наздиктарин фурсат хоҳишашро ба ҷо овард. Дар вохӯрии навбатӣ Бенҷамин китобро, ки аслан ба ӯ лозим набуд, бо нишони эҳтиром ба соҳибаш баргардонд. Ин боиси он шуд, ки  сиёсатмадорон бо ҳам хеле қарин гарданд.
Франклин аз ин ҳолат чунин хулоса мебарорад:
“Бо ҳар роҳ бо душманатон унс гиред. Он гоҳ пирӯз хоҳед шуд!”. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ҚАҲВА
ОНРО ТАНҲО НАМЕНӮШАНД
Дар ҷаҳон миллионҳо одамон рӯзи худро бо як финҷон қаҳваи рӯҳафзо оғоз менамоянд. Вале кам касоне шояд донанд, ки дар ҳар кишвар усули махсуси тайёр намудани қаҳва мавҷуд аст. Маълумоти зерин барои дӯстдорони қаҳва манзур мегардад:
Дар Ветнам қаҳваро бо зардии тухм, ширқиём ва шакар тайёр мекунанд. Дар Финляндия бошад, аввал дар пиёла панир ва баъд аз он қаҳва меандозанд. «Эспрессо» як намуд қаҳва мебошад, ки дар Италия бештар истифода мебаранд. Онро бо оби лимӯ якҷо менӯшанд.
Аргентиниҳои нозуктабиат ба кафки шир каме қаҳва ҳамроҳ карда менӯшанд.
Дар Марокко қаҳваро бо донаи кунҷид, мурчи сиёҳ ва чормағз тайёр мекунанд. Ҳонконгиҳо қаҳваро бо чойи сиёҳ, мурч ва ширқиём нӯши ҷон медонанд. Қаҳва бо яхмос, шир ва оби ях – ин беҳтарин нӯшокӣ дар Юнон аст.
Баъд аз бирён кардани донаҳои қаҳва дар Сенегал ба он каме мурч меандозанд. Дар Туркия бошад, қаҳваро бо сирпиёз ва асал меомезанд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


КИТОБҲОЕ, КИ БОИСИ ТАҲАВВУЛОТИ ТАФАККУРИ ИНСОН ГАРДИДААНД
Китоб қудрати бузург дорад ва он ба инсонҳо басо таъсиргузор мебошад. Инак намунае чанд аз ин китобҳоро пешкаши хонандагон менамоем, ки мутолиаашон тақдири ашхоси машҳурро тағйир додаанд.

«Тағйирот» ва Габриэл Гарсия Маркес
Адиб, рӯзноманигор ва сиёсатмадори  машҳури колумбӣ, дорандаи Ҷоизаи Нобел  дар соҳаи адабиёт  Габриэл Гарсия Маркес қаблан барои он китоб мехонд, ки бароҳат  хобаш барад, вале баробари  мутолиаи асари «Тағйирот» - и  Франс Кафка нигоҳаш ба адабиёт дигар шуда, ба хулосае омад, ки нависанда шавад. Асари Кафка  ӯро чунон мутаассир намуда буд, ки ҳангоми мутолиа мижа таҳ карда натавонист. Субҳи содиқ  беихтиёр сари мошинаи чопӣ нишаста, ба навиштани асар шурӯъ кард. «Китоби «Тағйирот» аз сатри аввал тақдири маро дигаргун намуд. Эҷоди асар маро чунон мафтун кард, ки ҳатто ба донишгоҳ намерафтам. Тарсам аз он буд, ки ин илҳоми сеҳрангез маро тарк мекунад»,- гуфтааст Габриэл. Ҳамин тавр, натиҷаи заҳматҳои як адиб хонандаи муқаррариро то нависандаи машҳури ҷаҳонӣ оварда расонд. Ва нахустин асари ӯ бо номи «Табаддулот» дастраси хонандагон гардид.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ДАРАХТИ АЗИМҶУССА
Аксбардорони  табиати ёбоӣ дарахти ғайриодиеро вохӯрданд ва онро президент номиданд. Президент - ин сӯзанбарги азимҷуссаи ёбоӣ  буда, 74 метр баландӣ  ва 1278,4 метри мукааб ҳаҷм дорад. Он ду миллиард барг дошта, ба гуфтаи муҳаққиқон  3200 – сола мебошад. Ин дарахт дар Парки миллии «Сӯзанбарг» - и иёлати Калифорния  мавҷуд аст. Боварнокарданист, вале аксбардорон  ҳарчанд кӯшиш карданд, ки ин бозёфтро дар як кадр ҷой бидиҳанд, муваффақ нагардиданд. Ниҳоят  ин  корро  гурӯҳи суратгирони National Geografic  ба уҳда гирифт. Маҳз ҳамин гурӯҳ баъд аз 32 рӯз, 126 акси гирифтаро бо ширеш як - як пайваст намуда, билохира, ба он чизе, ки тасаввур карданаш ғайриимкон буд, муяссар шуданд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
5. Пули сангини дараи Ароза, Швейтсария
Таърихи пайдоиши дараи Ароза, аз пайдо шудани дараҳо дар кӯҳҳои Юрск сарчашма  мегирад. Ҳар куҷое, ки об зӯран барои худ роҳ кушодааст, он ҷо дара ба вуҷуд омадааст. Дар яке аз чунин ҷойҳо дар болои ду харсанги рӯ ба рӯ аз сангҳо пул сохтаанд, ки вазифаи пайвандгари ду соҳилро иҷро мекунад. Манзараи атрофи пул зеби тамошост, табиаташ мафтункунанда. 
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Анатол Франс
Боре назди мунаққид ва нависандаи шинохтаи фаронсавӣ Анатол Франс ҷавонзани болобаланде омада, арз намуд, ки таҷрибаи бойи нашриётӣ дорад ва метавонад дар як дақиқа то 150 калима барчинад.
- Олиҷаноб, хонуми зебо, вале ман ин қадар калимаро дар як дақиқа аз куҷо меёбам,- бо тааҷҷуб гуфт нависанда.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


ИТТИФОҚИ  ҒАЙРИОДӢ Ё БОЗ ДАР БОРАИ «ТИТАНИК»
Нависанда Морган Робертсон соли 1898 романи «Тангно» - ро  эҷод кард. Воқеаҳои асар доир ба аввалин ва охирин сафари киштии абарқудрати «Титан» нақл мекард. Нависанда асарро бо тахайюлоти бойи  бадеӣ  чунон  пуробуранг тасвир намуда буд, ки баъди чанде фарзияҳояш эътимоднок баромаданд. Морган бо идеяи бунёди чунин киштии боҳашамати  ғарқнашаванда қимати асарро афзуда, онро  бо ҳама ҳодисаҳои ғамангезаш  ба хонандагон маҳбуб кард. Аммо, дар ҷамъбасти ҳодисаҳо «киштии ғарқнашаванда» - и Морган ғайриинтизор ба яхкӯҳи азиме  (айсберге) бархӯрда, воқеаҳо фоҷианок ба анҷом мерасанд.
Иттифоқи аҷибе тахайюлоти вайро  баъди сӣ сол  амри воқеӣ намуд.  Киштии боҳашамату афсонавие бо  номи каме дигаргунаи «Титаник»  болои баҳри Атлантика шино мекард. Воқеан ҳам, Морган Робертсонро ин рухдоди ғайричашмдошт ба тааҷҷуб овард.
Тааҷҷубовар он аст, ки  киштии «Титаник» ҳам барои аввалу охирин бор шино карда, пас аз бархӯрдан ба яхкӯҳ қурбониёни зиёдро аз худ  боқӣ гузошт. Дар асар ҳатто шумораи заврақҳои одамонро кашондаву  шумораи одамони ҳалокшуда ба рухдоди баъди сӣ сол сарзада дар киштӣ мувофиқ  меомад.
Таҳияи  Иронбӣ МӮСОЗОДА


122 ҲАЗОР ДОЛЛАР МАБЛАҒИ  ХАЙРИ ШЕЙРА МУНОТ
Духтари сарватманди ҳинд Шейра Мунот маблағи барои тӯйи арӯсиаш ҷудошударо хайр кард.
Вақте аз падараш хоҳиш намуд, ки 122 ҳазор долларро барои соҳиби хона гаштани мардуми бесоҳибу бесарпаноҳи кишвараш масраф намоянд, ӯ розӣ шуд.
Ҳамин тавр, 90 нафаре, ки бехонумон дар кӯчаҳо мезистанд, ба хонаи нав кӯчиданд.
Таҳияи Умар АЛӢ


АСБОБҲОИ НОДИРИ МУСИҚӢ
9. ЭОЛОВ
Меъмории мусиқӣ, ё мусиқӣ дар фазо
Арғунуни Эолов қадимтарин асбоби мусиқӣ буда, аз чаҳорчӯбаи торкашнамудае иборат мебошад, ки бо шиддати бод аз худ садои маҳини нотакрору гӯшнавозе мебарорад. Ин асбоб ба ифтихори Худои шамоли Юнони Қадим Эолов номгузорӣ гардида, замоне дар давлатҳои мутараққии олам, аз ҷумла, Олмону Фаронса, шуҳрати беандоза касб намуда буд. Ҳоло ин сози нодирро дар кишварҳои Аврупо ҳамчун меъмории мусиқӣ дар боми биноҳо ва қуллаҳои бодраси теппаҳо дидан мумкин аст.   
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЧЕХРО АКНУН ДАР ХОККЕЙ МЕБИНЕМ
Собиқ дарвозабони «Челси» ба бошгоҳи хоккейи «Гилдфорд Феникс» - и Англия шомил гардида, бозии аввалини худро дар дидор бо тими «Суиндон Уайлд Кэтс» анҷом дод.
Дар натиҷа бозигари чех аз дарвозаи худ ду шайба сар дод, вале дар силсилаи булитҳо як булитро баргардонд ва тимаш бо ҳисоби 3:2 пирӯз омад. Пётр Чех бошад, бозигари беҳтарини дидор дониста шуд.
«Ман шодам, ки имкони бозӣ дар дастаи «Феникс» - ро пайдо намудам. Пас аз 20 соли бозӣ дар футбол ин бароям таҷрибаи олиҷанобе мегардад, ки дар хоккей низ маҳорат санҷам» - иқтибос меорад назари Чехро сомонаи расмии «Гилдфорд Феникс».
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ТИР БА ҲАДАФ РАСИД, ВАЛЕ…
Дар Прага (Чехия) соҳибмулки вилла аз шақар - шуқури касе бедор шуд. Мардак нахуст ба пулис занг зад, сипас ҷуръат пайдо намуду барои даст гирифтани қулфшикан худ дасту остин бар зад. Бо бели барфрӯбак мусаллаҳ шуда, ғоратгарро то саройи мошинҳо таъқиб кард. Дар болои боми мошинсарой бо зарбаи сахти нишонрас шабгардро аз пой афтонд. Аммо вақт нишон дод, ки вай хато карда будааст: вақте ки чароғро фурӯзон намуд, маълум гашт, ки дар рӯи замин пулис беҳуш хобидааст. Аз ин мебарояд, ки соҳибмулк пулиси баёриомадаро ҷинояткор пиндоштааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


КАШШОФИ РЕЗИН
Кашшофи амрикоӣ  Гудир, ки бо ихтирои резин машҳур аст, дар давраш ниҳоят қашшоқ буд. То он ҳадде, ки барои қарздорӣ, ҳатто маҳкум шуда, паси панҷара нишаст. Бо гузашти вақт ихтирооти ӯ таваҷҷуҳи яке аз саноатчиёни номдорро ба худ ҷалб намуд, ки хост ҳарчи зудтар пайдояш кунад. Вақте олимро дар хона пайдо накард, аз ҳамсояаш пурсид, ки ӯро чӣ гуна ёфтан мумкин аст? Ҳамсоя, ки кашшофро хеле хуб медонист, чунин посух дод:
- Кӯчаҳои шаҳрро гардед, агар шахсеро вохӯред, ки кулоҳи резинӣ, шиму гарданпечи резинӣ ва мӯзаву ҳамёни тамоман холии резинӣ дорад, донед, ки ӯ  Гудир аст.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН  ОИД БА ШОҲМОТ
Василий СМИСЛОВ
Чемпиони ҳафтуми ҷаҳон (солҳои 1957 – 1958). Намояндаи СССР.
Василий Смислов назариётчии мумтози шоҳмот ва ҳам дар амалия шоҳмотбози бузург. Дар ҳайати дастаи мунтахаби СССР дар бозиҳои олимпӣ оид ба шоҳмот даҳ маротиба ғалаба кардааст.
Соли 1957 дар бозиҳои интихобӣ пирӯзӣ ба даст оварда, имкон пайдо намуд, ки бо чемпиони ҷаҳон мубориза барад.  Мусобиқа бо Михаил Ботвинник бо ғалабаи Смислов анҷом пазируфт.
 Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


ПУЛИ БУРҶ
Ин иншооти машҳур дар болои дарёи Темза, дар Лондон, сохта шудааст. Дарозии он 244 метрро ташкил медиҳад ва яке аз аломатҳои фарқкунандаи шаҳр аст. Масофаи танзимшавандаи байни манораҳои зебо 61 метрро ташкил медиҳад. Массааш ба ҳазор тонна баробар аст. "Болҳо" дар кунҷи то дараҷаи 83 градус бо ҳам пайванданд. Ин гардиши киштиҳоро дар Темза осон менамояд.
«Bridge Tower» соли 1894 сохта шуда, ҳоло, асосан, вазифаи роҳи пиёдагардро иҷро мекунад.
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА


ХОББИ
Бардоштҳои аҷиб аз рӯзгори шахсиятҳои маъруфи олам
Никол Кидман, ҳунарпешаи амрикоӣ, ба ҷамъоварии тангаҳои қадимӣ майлу рағбат дошта, миқдори зиёди пулҳои коғазии қадимиро низ коллексия мекунад.
Иосиф Сталин бо вуҷуди маҳдудияти вақт ва ниҳоят серкор будан, машғулияти  писандидаи хешро дошт. Вай аз ҳама бештар ба тамошои филм саргарм мешуд. Миёнаҳои солҳои 30 - юм дар Қасри калони Кремл бо фармони Сталин толори намоиши филмҳо сохтанд. Дар он котиби генералӣ қариб ҳамаи филмҳои хориҷиву ватаниро тамошо намудааст. Ба Сталин филмҳои «Чапаев», «Бачаҳои хушҳол», «Хоҳари он ашрофзода», «Иван Грозный» ва «Тарзан» хеле писанд омада буданд.
Нависанда ва драматурги рус Валентин Катаев ба ҷамъоварии кулоҳ машғул буд ва дар бораи он қиссаҳои зиёдеро нақл мекард. Дар коллексияи Катаев кулоҳҳои нахустини ронандаҳои рус, лётчикҳо, авбошони солҳои аввали қарни XX, ҳамчунин, ҳунармандони  маъруф, нависандагон, рассомон ва навозандагон мавҷуд аст.
Майк Тайсон новобаста аз феълу рафтори дағалаш, аз синни 6 -солагӣ ба нигоҳубини кабӯтарҳо майлу рағбати зиёд дорад. Як қисми хонааш лонаи кабӯтарҳои гуногун аст.
Арнолд Швартсенеггери  «оҳанин»  ба ҷамъ-оварии мошинҳои гуногун шавқ меварзад. Рағбати ӯ то ҳаддест, ки мошинҳои тамғаи «Hammer» - ро ҷамъ намуда, дар автопарки махсус нигоҳ медорад. Вай ҳатто соҳиби танк ҳам мебошад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


БУЗУРГТАРИН ШАБАКАҲОИ МЕҲМОНХОНАҲОИ ҶАҲОН
Марриотт
Асосгузори ин шабака Ҷон Уиллард Марриотт мебошад, ки бо ҳамсараш дар шаҳри Вашингтон қаҳвахонаи хурде доштанд. Соли 1957, баъди 30 соли бунёди қаҳвахона, онҳо ба шаҳри Арлингтони Вирҷиния омада, барои сайёҳони хориҷӣ меҳмонхона бунёд месозанд. Аввалин меҳмонхонаи Ҷон Уиллард  “Twin-Bridges Marriot Motor Hotel” ном дошта, ҳоло ҳамчун осорхона истифода мешавад.
Ҷон бо ҳамсараш Элисс бисёр шахсони меҳнатдӯст буданд. Барои ҳамин тиҷорати онҳо дар як мудати кӯтоҳ рушд мекунад. Соли 1969 ба онҳо муяссар гардид, ки аввалин меҳмонхонаи худро берун аз ИМА, дар Акапулкои Мексика бунёд намоянд. Соли 1974 бошад, меҳмонхонаи Марриотт дар шаҳри Амстердами Нидерландия ба фаъолият оғоз кард.
Айни замон 546 меҳмонхона зери бренди Marriott Hotels ва зиёда аз 3000 меҳмонхонаи дигар бо брендҳои дигар, аз ҷумла Courtyard, Westin, ResidenceInn фаъолият мекунанд. Гардиши солонаи ин “наҳанги” соҳаи хизматрасонӣ беш аз 17 миллиард  долларро (2016) ташкил медиҳад. 
Таҳияи Комрон САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2019    №: 196    Мутолиа карданд: 1481
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед