қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 17 октябри соли 2019, № 516, ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод намудани Мирализода Р. А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирализода Рустам Азиз бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2019 №: 196 Мутолиа карданд: 1820