logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЯЧЕСЛАВ ВОЛОДИН

19 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володинро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, аз ҷумла дар ҷодаи робитаҳои байнипарлумонӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар зимн, ҷонибҳо  муносибатҳои пурмуҳтавои байнипарлумониро дар доираи шарикии стратегӣ ҳамчун омили мусоидаткунанда ба густариши тамоми  маҷмӯи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба татбиқи саривақтии созишномаҳои дуҷонибаи қаблан баимзорасида, рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои манфиатбор дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маориф, фарҳанг, низомиву техникӣ ва муҳоҷират  табодули афкори судманд анҷом доданд.
Зимни суҳбат, ҳамзамон, масоили марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи сиёсии Афғонистон ва дарёфти роҳу усулҳои нави тақвияти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба ин, ҷонибҳо ба мавзӯъҳои тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, хатари таҳмили ақидаҳои ифротӣ бар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни баррасии ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ ба бахши маориф диққати махсус зоҳир карда шуд.
Сарвари давлати мо аҳамияти фаъолияти муваф-фақонаи шуъбаҳои муассисаҳои таълимии пешбари Россия – Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои Москва (МИСиС), Донишкадаи энергетикӣ, ҳамчунин, Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистонро дар Тоҷикистон ба таври хосса таъкид карданд.
Пешвои миллат таваҷҷуҳи Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россияро, ҳамчунин, ба зарурати тезондани раванди татбиқи лоиҳаи сохтмони панҷ муассисаи таҳсилоти умумӣ ба забони русӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон ҷалб карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2019    №: 197    Мутолиа карданд: 935
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед