энергетика
Қариб 14 миллион доллари иловагӣ барои хариди газ
-Сабаби нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли барқ кам шудани об дар обанбори Норак аст, -гуфт вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ.
Дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ 4286,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,1 миллион сомонӣ кам аст.
Корхонаҳои бо вазорат тибқи шартнома ҳамкоридошта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,9 миллион сомонӣ зиёд хизмати пулӣ расониданд.
Дар нишаст Гул Шералӣ зикр кард, ки ба 1173 нуқтаи ангиштфурӯшӣ 148815 тонна маводи сӯхт интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31618 тонна зиёд аст. Захираи ангишт то моҳи октябри соли равон дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 49065,6 тонна, аз ҷумла дар нуқтаҳои фурӯш 6896 тонна ва дар анборҳои корхонаҳо 42169,6 тоннаро ташкил кард.
Вазир тазаккур дод, ки дар давраи омодагӣ ба зимистон 13950 тонна гази моеъ ворид ва ба фурӯш бароварда шуд. Мутобиқи созишномаи байнидавлатӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар ҳаҷми 2126,27 миллион кВт.соат шартнома баста шуд. Барои харидории 33,4 миллион метри мукааб гази табиӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,9 миллион доллари амрикоӣ бештар масраф гаштааст.
Муҳаммади НУРУЛЛО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5112