иқтисод
МУШКИЛӢ ПУРРА ҲАЛ ШУД
Посух ба матлаби «Ховалинг. Роҳи фарсуда аз мушкилоти калидӣ боқӣ мемонад», ки 10 июни соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст.
Матлаби номбурда дар ҷаласаи кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ховалинг мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки камбудиҳои номбаршуда дар ҳақиқат ҷой доштанд ва вайронии роҳ ба рафтуои аҳолии деҳот, сайёҳон ва зоирон халали ҷиддӣ мерасонд. Дарозии роҳи автомобилгарди Ховалинг – Мазори Ҳазрати Султон 17,2 километр буда, чоряк аср пеш бо усули омехтакунии муми моеъ бо шағал таъмир шуда буд. Дар натиҷаи солҳои зиёд истифода бурдан, равуои зиёди одамон ва нақлиёт роҳ таъмирталаб шуд. Соли 2017 бо маблағгузории Вазорати нақлиёти кишвар 1,5 километри роҳ аз нав сохта шуд. Имсол бо қадами мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд, 9,5 километри роҳ пурра мумфарш гардид. Инчунин, аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ як пул бо паҳноии 7,5 метр сохта ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр, мушкилоти роҳи номбурда пурра бартараф гардид.
Қ. ҲУКМАТУЛЛОЕВ, сардори муассисаи давлатии
нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ховалинг
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.10.2019 №: 197 Мутолиа карданд: 1946