logo

ҳуқуқ

МАРЗ. ИҚДОМИ МУШТАРАКИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ БАРОИ ПЕШГИРИИ ХАТАРҲО

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои муштараки мутахассисони   идораҳои сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ  ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳадоти берунаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба тасвиб расид.
Абдусаттори Шоҳиён, муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, зимни баррасии созишномаи мазкур иброз дошт, ки он 10 октябри соли 2014 дар шаҳри Минск  ба имзо расидааст. Дар созишнома зарурати таҳия ва ба имзо расондани ин санад, масъалаҳои ҳамкорӣ, инчунин, вазифаҳои асосии гурӯҳи муштарак пурра ва мушаххас дарҷ гардидааст.
Ба гуфтаи Абдусаттори Шоҳиён, таҳлил ва баҳогузории вазъи кунунӣ нишон медиҳад, ки наметавон таҳдиду хатарҳо дар ҳудуди сарҳади давлатии ҷумҳурӣ, эҳтимоли марзшиканӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, террористию экстремистӣ ва қочоқчиёни силоҳбадастро сарфи назар намуд. Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои Толибон ва неруҳои Ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар минтақахои наздисарҳадӣ хати тӯлонии сарҳад аз тарафи кишвари ҳамсоя ҳифз карда намешавад. Аз ин рӯ, тибқи маълумот гурӯҳҳои террористӣ бо омӯзиши дараҷаи ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ бо якдигар  ҷиҳати интиқоли маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ кумак мерасонанд. Солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани робитаҳои самаранок ва мутақобилан судманд байни давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри таъмини амнияти сарҳади беруна корҳои назаррас анҷом дода шуда истодааст.
- Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он аст, ки гурӯҳҳои ҷинояткори байналмилалӣ барои ба ҳадафҳои худ ноил гардидан аз қувва ва воситаҳои муосир самаранок истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз баҳри саривақт пешгирӣ намудани фаъолияти тахрибкоронаи онҳо ва таъмини амнияти минтақа зарурати амалӣ намудани созишномаи мазкур ба миён омадааст, - гуфт А. Шоҳиён.
Номбурда дар посух ба  саволҳои вакилон оид ба вазъи сарҳади давлатӣ итминон дод, ки вазъ ором ва таҳти ҳимояти ҷиддии марзбонони кишвар қарор дорад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2019    №: 197    Мутолиа карданд: 871
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед