logo

иқтисод

"ТАВҲИДБОНК". АВВАЛИН БОНКИ ИСЛОМӢ Ё ИМКОНИЯТҲОИ НАВ БАРОИ АҲОЛӢ

Нимаи дуюми моҳи сентябр аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон соҳиби иҷозатномаи фаъолият гардид. Ин рӯйдод дар таърихи кишвар саҳифаи нав барои фарохшавии имкониятҳои молиявию тиҷоратӣ кушод.
Низоми молиявӣ ва бонкии ҷаҳонӣ дар зери таъсири буҳронҳои даҳсолаи охир мӯҷиби хисорот ва муфлисшавӣ гардид. Аммо, сарфи назар аз вазъи буҳронӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бонкҳои исломӣ, ки дар асри XX зуҳур ва рушд карданд, дар муқобили он суботу пойдории молиявии хуб нишон доданд. Бонкдории исломӣ исбот намуд, ки ин модел дар муқоиса ба низоми бонкдории анъанавии ба консепсияи фоиз асосёфта низоми беҳтар ва аз лиҳози молиявӣ самараноктар мебошад.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ин ҳанӯз соли 2009 аввалин қадамҳоро дар самти пиёдагардонии бонкдории исломӣ гузошт, - гуфт Шералӣ Зардов раиси раёсати «Тавҳидбонк». - Давра ба давра тӯли даҳ сол дар мамлакат заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии бонкдории исломӣ фароҳам оварда шуданд. Бо кӯшишу талошҳои Бонки миллии Тоҷикистон соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» қабул гардид ва шароити мусоид ҷиҳати пешбурди фаъолияти бонкдории исломӣ таъмин гашт. Ҳамин тавр, 17 сентябри соли 2019 нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон - «Тавҳидбонк», соҳиби иҷозатномаи фаъолияти бонкдории исломӣ гардид.
«Тавҳидбонк» дар заминаи ҶСК «Соҳибкорбонк» таъсис ёфта, барои аҳолӣ, соҳибони тиҷорат ва дигар субъектҳои иқтисодӣ маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкдории исломиро пешниҳод менамояд.
Деҳқон Самадов, сардори идораи сиёсати қарзӣ ва пасандозии бонк, афзуд, ки бо тавсия ва машварати Корпоратсияи рушди бахши хусусӣ (ICD) (мушовири раванди табдилдиҳии бонк) ва бо назардошти вазъи сандуқи қарзӣ ва амонатӣ, талаботи бозори хизматрасониҳои бонкӣ, ҳайати муштариён ва стратегияи рушди бонк дар давраи аввали фаъолият (2019-2021) маҳсулоти исломии бонкии маблағгузорӣ - муробаҳа ва маҳсулоти амонатӣ - пасандозӣ- музораба бо зермаҳсулоти онҳо пешниҳод шаванд.
Муробаҳа аҳдест, ки мутобиқи он бонки исломӣ бо дархости муштарӣ молеро аз фурӯшанда харида, бо иловаи изофапулӣ ба муштарӣ мефурӯшад. Муштарӣ имкон дорад, ки арзиши молро дар муҳлатҳои баъдӣ, давра ба давра пардохт намояд. Музораба бошад, аҳди шарикии ба боварӣ асосёфта мебошад. Бо мақсади гирифтани фоида яке аз шарикон сармояи худ (маблағҳои пулӣ) ва шарики дигар донишу малакаи соҳибкориашро пешниҳод менамояд. Тарафе, ки сармоя пешниҳод менамояд – сармоягузор (рабб-ул-мол) ва ҷонибе, ки донишу малакаи соҳибкории худро пешниҳод менамояд-  соҳибкор (музориб) номида мешавад. Фоида байни тарафҳо аз рӯи меъёри дар шартнома зикргардида тақсим мегардад.
- Баъзе монеаҳое ҳастанд, ки садди роҳи татбиқи маҳсулоти ояндаи мо мешаванд, - зикр кард Деҳқон Самадов. - Яке аз монеаҳои асосӣ барои ташкили бонкҳои исломӣ ва ё равзанаҳои исломӣ ин мушкилоти андозу андозбандии амалиётҳои бонкҳои исломӣ мебошад. Агар дар ояндаи наздик масоили андозбандии фаъолияти бонкҳои исломӣ тағйир дода нашаванд, татбиқи бизнес – модели бонкдории исломӣ дар кишвар мушкил мегардад. Ҳарчанд модели нав новобаста аз мушкилоти ҳуқуқӣ, инфрасохторӣ, реҷаи андозбандии номусоид барои бонкдории исломӣ ва норасоии мутахассисони соҳа ояндадор арзёбӣ мешавад.
Дар бонкдории исломӣ мавҷудияти Кумитаи хизматрасонии маблағҳои исломӣ, яъне кумитаи шариатӣ ҳатмӣ мебошад. Он аз шуъбаи исломӣ, бахши аудити исломӣ ва бахши мониторинги исломӣ иборат аст. Кумита вобастагии нисбӣ ба шӯрои нозирон дошта, дар асл мустақил аст. Оид ба тамоми қарору амалиётҳо ташхиси аудити шариатӣ мегузаронад. Дар бонкдории исломӣ шӯрои нозирон аслан барои бизнес - равандҳо ва қарорҳое, ки оид ба тиҷорат қабул мешаванд, салоҳият доранд. 
Бизнес - модели бонкҳои анъанавӣ ба пешниҳоди қарз ва фоизситонӣ асос ёфта, манбаи асосии даромади онҳоро фоизҳои ситондашуда ташкил медиҳанд. Асоси бизнес – модели бонкҳои исломиро фаъолияти маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ дар асоси принсипи шарикӣ ташкил медиҳад. Аз нигоҳи ислом ҳамагуна фаъолияти қарздиҳӣ ва маблағгузории ба фоиз (рибо) асосёфта механизми ноадолатона маҳсуб шуда, манъ гардидааст. Аз ин лиҳоз, бонкҳои исломӣ ситондани фоизро дар амалиётҳои қарзӣ ва маблағгузориҳои худ таҷриба намекунанд. Бонк дар фоида иштирок мекунад, на ин ки фоиз меситонад. Ҳангоми ба маблағгузорӣ равона сохтани амонатҳои ҷамъшуда бонк ҳамчун шарики истифодабарандагони маблағ баромад мекунад, на ин ки қарздиҳандаи маблағҳо бо назардошти фоизҳо. Дар ҳар як сатҳ ва ҳар самти фаъолият мониторинг гузаронда мешавад, ҳол он ки дар бонкҳои анъанавӣ аз тарафи ҷонибҳои манфиатдор ягон мониторинг гузаронда намешавад.
Фарқияти дигари бонки исломӣ аз ташкилотҳои қарзии анъанавӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар фаъолияташ ба унсурҳои судхӯрӣ, номуайянӣ дар аҳдҳо ва маблағгузории соҳаҳои аз нигоҳи шариат мамнӯъ (нӯшокиҳои спиртӣ, тамоку, гӯшти хук, қимор) роҳ дода намешавад.
Пайшанбе Лалбеков, сардори хадамоти ҳуқуқи бонки исломӣ, иброз дошт, ки «Тавҳидбонк» фаъолияти худро дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи мамлакат ба роҳ монда, ба қонунҳои дини мубини ислом – шариат, Қуръони карим ва суннатҳои Паёмбари ислом Муҳаммад (с) такя менамояд. Айни ҳол дар 14 қонуну дастурамалҳо, низомномаҳо, тағйироти дахлдор ворид шудаанд, ки фаъолияти бонки исломиро танзим менамоянд.
Имрӯз «Тавҳидбонк» дорои 5 филиал, 56 маркази хизматрасонии бонкӣ дар манотиқи кишвар мебошад. Теъдоди умумии кормандон беш аз 300 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи мизоҷони бонк имрӯз ба 2345 нафар расидааст. Феълан, миқдори мизоҷони инфиродӣ ва корпоративии бонк тамоюли тағйирёбӣ дорад. Яъне, дар раванди табдилёбӣ ширкатҳое, ки фаъолияташон ба принсипҳои шаръӣ ҷавобгӯ нест, тибқи талаботи қонунгузорӣ дигар бо бонк ҳамкорӣ намекунанд.
Бонк ба гурӯҳи даҳгонаи бонкҳои калонтарини ҷумҳурӣ дохил мешавад. Дар байни ҳабдаҳ бонки мамлакат аз рӯи сармоя мавқеи ҳаштум ва даромаднокӣ мақоми ҳафтумро соҳиб аст. Аз рӯи ҳаҷми интиқоли маблағҳо дар ҷумҳурӣ дар мавқеи чорум қарор дорад. Сармояи оинномавии бонк 65, танзимшаванда 87, дороиҳои умумӣ 123,4, сандуқи қарзӣ 15, сандуқи амонатӣ 15,4, амонатҳои муҳлатнок 1,3, даромади умумӣ 52,5 ва фоидаи соф 4 миллион буда, ҳаҷми маблағҳои интиқоли пулиаш 1,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи захираҳои мавҷуда пешниҳоди маҳсулоти бонкдории исломӣ аз моҳи ноябр шурӯъ шуда, ба рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, яъне истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва воридотивазкунанда, кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва тиҷорат равона мегардад. Ҳамзамон, бонк ба муштариён пешниҳоди хизматрасониҳо ва иҷрои амалиётҳои бонкии анъанавие, ки хилофи принсипҳои бонкдории исломӣ нестанд, аз қабили амалиётҳои асъорӣ, хазинавӣ, интиқоли маблағ, ҳисоббаробаркунӣ, кортӣ, машваратӣ ва ғайраро бо гирифтани ҳаққи хизмати одилона идома медиҳад.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2019    №: 198    Мутолиа карданд: 1266
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед