logo

сиёсат

СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИИ “ПАЖӮҲИШ ДАР ФАРҲАНГИ БОСТОН: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ”

22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҳамоиши бошукӯҳи илмӣ аҳли зиёи мамлакат ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ - иштирокдорони симпозиуми байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Чорабиниро президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли толор, меҳмонони ҳамоиши байналмилалиро аз номи мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори симпозиум барору комёбӣ орзу карданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳамияти басо муҳим касб кардааст.
Аз замони Куруш оғоз гардида, то давраи Сомониён дар санъату фарҳанг арзишҳои мондагор ба вуҷуд омадаанд. Аз ин рӯ, омӯзиши масъалаҳои консептуалии таърихи ташаккули санъат, раванди эҳёи анвои мусиқӣ, кашфи созҳои миллӣ ва таҳқиқи паҳлуҳои норавшани шахсияти Борбади Марвазӣ ва нақши ӯ дар рушди мусиқии суннатӣ аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки таҳқиқи амиқи муқоисавию таърихиро тақозо менамоянд.
Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба кори Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” комёбиҳо орзу карданд.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ баъди суханронии Пешвои миллат, ҳамчунин, профессор Масъуди Миршоҳӣ - раиси Анҷумани “Рӯдакӣ”-и Франсия, Мария Дрожжина - мусиқишинос, корманди Консерваторияи шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия, Ромин Фарҳангӣ - раиси бунёди “Манучеҳри Фарҳангӣ”- и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳуммер Абрамиён - раиси фарҳангистони “Куруши Кабир”-и Австралия, профессор Ҳусейн Содиқӣ аз Швейтсария, Бобур Ҳамидов аз Ӯзбекистон ва шоир Масъуди Сипанд баромад карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2019    №: 199    Мутолиа карданд: 985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед