logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ЯКЕ АЗ ПАНҶ КОНСТИТУТСИЯҲОИ БЕҲТАРИНИ ҶАҲОН

Дар зарфи 25 сол Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари арзишҳои инсондӯстиву сулҳпарварӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рушду тавсеаи кишварро таъмин намуда, раванди давлатдории миллиро таҳким бахшид. Боиси ифтихору сарфарозист, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва институтҳои ҳуқуқӣ яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст.
Барҳақ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи меъёрҳои ҳуқуқии пазируфташуда аз муҳимтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистони озоду мустақил ба шумор меравад. Он заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ҳамаи дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятиро дар худ таҷассум намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба сифати арзиши олӣ эътироф кард.
Бо назардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия боби махсус ба ин масъала бахшида шудааст. Ва асоси ин бобро меъёрҳои эътирофгардидаи ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар бармеоянд, ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки маҳз Конститутсия риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат додааст. Дар навбати худ, нақши ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҷавҳари низоми демократӣ мебошад, хеле назаррас аст. Ин буд, ки баробари қабул гардидани Конститутсия ҳокимияти судӣ дар кишвар ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва дар мамлакат ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ оғоз ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат ибрози назар намуда, таъкид карданд: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обруву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд».
Ин  таъкиди  Президенти  маҳбуби  кишвар мо - кормандони мақомоти судии кишварро вазифадор менамояд, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои худ ба хато роҳ надиҳем, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонуну адолатро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифз намоем. Зарур аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, таъмини рушди бонизоми кишвар ба арзишҳои конститутсионӣ эҳтиром гузошта, омӯзишу риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз Конститутсия асосёфтаро меҳвари кору фаъолияти хеш қарор диҳем.

Б. ИСКАНДАРЗОДА, судяи суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2019    №: 199    Мутолиа карданд: 1535
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед