logo

туризм

САРАЗМ. ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КОВИШҲОИ БОСТОНШИНОСӢ

Имсол ба донишҷӯёни бахши таърихшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муяссар шуд, ки нахустин бор бобати таҷрибаомӯзӣ ба Саразми бостонӣ сафарбар шаванд. Ташаббуси мазкур дар се қисмат амалӣ  шуда, донишҷӯён, пеш аз ҳама, бо лавозимоти зарурӣ, ҷойи зисту истироҳат таъмин шуданд.
Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ донишҷӯён хандақеро ошкор карданд, ки дар дохили он устухони ҳайвонот, пораҳои сафолии зарфҳои гуногун мавҷуд буд. Аз нигоҳи бостоншиносон чунин хандақҳо ба хотири тоза нигоҳ доштани шаҳр сохта мешуданд ва аз маданияти баланди шаҳрдории саразмиён гувоҳӣ медиҳад. Пайдо намудани якчанд асбобу олоти кишоварзӣ, аз ҷумла каланди чӯбин, дос, васоити ҷуфтронӣ гувоҳи он аст, ки мардуми Саразм дар соҳаи кишоварзӣ низ намуна буда, ба парвариши ҳар гуна зироат, бахусус, гандуму ҷав  машғул мешуданд ва дар баробари ин чорводорӣ ҳам мекарданд.
Косахонаи сари навраси 6 - 7 сола, ки донишҷӯён дар рафти таҷрибаомӯзӣ пайдо  намуданд, арзиши баланди таърихӣ дошта, мутобиқи фарзияи бостоншиносон таърихи 3000 - 3500 сола дорад. Якчанд  нигора ва сафолпораҳои дарёфтнамудаи онҳо низ дар оро додани гӯшаи  осорхонаҳо намунаи барҷаста ба ҳисоб мераванд. 
Таърихи Саразм аз ҳазорсолаи IV  пеш аз милод сарчашма мегирад. Тарҳи шаҳр нақшаи муайян надошта, мисли шаҳрҳои ҳамзамони худ, ба хотири дифоъ аз душман девори истеҳкомӣ надоштааст. Аз рӯи тадқиқот, маълум шудааст, ки саразмиёни қадим ба дини зардуштӣ гароиш дошта, маъбади оташпарастӣ барояшон муқаддас  маҳсуб  меёфт ва пайдо гардидани оташкадаҳои мудаввар ва чаҳорпаҳлу аз ин гуфтаҳо шаҳодат медиҳанд.
Ёфт шудани зеваролот, ки аз сангҳои қиматбаҳо, ба мисли фирӯза, ақиқ, лоҷувард таҳия шудаанд, кӯраҳои маъдангудозӣ ва қолабҳои рехтагарӣ, асбобу олоти меҳнат, васоили бофандагӣ, сафолпораҳои гуногуни зарфҳо ва дигар аснод шоҳиди онанд, ки соҳаҳои филизгудозӣ, ҳунармандӣ, кулолӣ ба авҷи тараққӣ расидааст. Тиҷорат низ рӯ ба инкишоф ниҳода, робитаҳои тоҷирони Саразм бо кишварҳои атроф, бахусус бо Бадахшон, Эрони қадим, мамолики соҳили халиҷи Форс рушд кардааст. Муҳри сангӣ, ки  таҷрибаомӯзон дар шурфи 13 - уми макони ҳафриёт пайдо намуданд, воситаи махсусе буд, ки тоҷирон онро бобати тасдиқи додугирифти мол фаровон истифода мебурданд. Муҳр ба давраҳои неолит ва энолит мансуб буда, шакли мураббаъ дорад ва дар чаҳор кунҷи он хатҳои нозук мавҷуд буда, дар марказаш сӯрохӣ мавҷуд аст. Тибқи шаҳодати доктори илмҳои таърих Саидмурод Бобомуллоев, бозёфти мазкур ёдгории беназир ба ҳисоб меравад.
Суоле ба миён меояд, ки бостоншиносон  синни шаҳрро  чӣ гуна муайян карданд? Дар ибтидо онҳо муқаррар намуданд, ки Саразм чаҳор давраи ҳаётро аз сар гузарондааст: давраи нахуст  солҳои 3500 - 3200 то мелод, давраи  дуввум  солҳои 3200 - 2900 то мелод, давраи сеюм солҳои 2900 - 2700 то мелод ва давраи ниҳоӣ солҳои 2700 – 2000 - ро дар бар мегирад ва мутобиқи  ҷадвали  мазкур  муқаррар карда шуд, ки синни ин куҳаншаҳр ба 5500 сол мерасад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мероси таърихии кишвар, хусусан Саразми бостон,  диққати махсус зоҳир намуда, дар худшиносии миллӣ  аҳамият доштани ёдгориҳо ва осори таърихиро ҳамеша таъкид менамоянд. Имрӯз вобаста ба таҷлили ҷашни 5500 - солагии Саразм, ки соли 2020 баргузор мегардад, корҳои ободонӣ дар ин мавзеъ бомаром идома дорад. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон куҳаншаҳри Саразм мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардида, бобати ҳифзу нигаҳдошти нигораҳо осорхона бунёд мегардад. Ҳудуди минтақа деворбандӣ шуда, бобати гузарондани ҳамоишҳои илмӣ нақшаву чорабиниҳо дар назар аст.
                                                         
Ҷ. МАРДОНЗОДА,
М. ШАРИФОВ,
устодони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2019    №: 199    Мутолиа карданд: 3712
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед