logo

фарҳанг

ОСУДАГИИ ТОҶИКИСТОН ОСУДАГИИ МОСТ! БАРДОШТ АЗ СУҲБАТИ ҲАМЗАБОНОНИ САРШИНОС

Дар  Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузашт, форсизабонони дунё, дӯстону бародарони халқи тоҷик аз кишварҳои гуногун ширкат варзида, самимияту муҳаббати худро ба халқи тоҷик ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.
Онҳо дар баробари он ки роҳи росту ҳамвори Пешвои миллатро дар пайкори сангини бунёдсозии давлати навини тоҷикон ситоиш карданд, ҳамчунин, шеърҳои хубу пурҳароратеро дар бораи Тоҷикистону Сарвари он қироат карданд, ки боиси хушҳолӣ буд.
Паёмҳои оташини ҳамзабонони бурунмарзии мо гувоҳ бар онанд, ки форсизабонони ҷаҳон аз пешравиҳои иқтисодиву фарҳангии Ватани мо илҳом гирифта, ояндаи ин марзу бумро дурахшон мебинанд ва Душанберо ҳамчун пойтахти навини тамаддуни ориёии ҷаҳон пазируфтаанд.
Ҳама бо як овоз тасдиқ мекунанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан аз миёни мардум бархоста, дар қалбҳои мардумаш ҷойи хос дорад ва шоистаи ҳар гуна таҳсину офарин ҳам ҳаст.
Меҳмонон аз Ӯзбекистон, ки он ҷо низ ҳамзабонони мо хеле зиёданд, аз пешрафтҳои кишвар шодмонии худро баён карда, изҳор доштанд, ки агар Тоҷикистон орому осуда аст, агар Тоҷикистон сулҳу субот дорад, мо низ орому осоиштаем. Сари ифтихор боло медорем, ки хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон – Тоҷикистон осуда аст ва барои пешрафт гомҳои устувор мемонад.
Ҳамзамон, дар симои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи бошандагони кишварро бо 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки омодагиҳо барои таҷлили он босуръат идома доранд, шодбош гуфта, дуои нек арза доштанд.
Махсусан, ба кор даромадани ду чархаи НБО «Роғун» - ро бо хушнудӣ пазируфтанд ва дар аксари суханрониҳо зик-ри ин иншооти ояндасоз мерафт. Ҷорӣ кардани системаи давлатдории дунявӣ, густариши сиёсати баробарии занону мардон дар ҷомеа ва, беш аз ҳама, дар мавриди пойдории амният дар кишвар суханони гӯёву расо гуфтанд.
Мақсад аз ёд кардани истиқболи гарми ҳамзабононамон дар чунин рӯҳия тарбия кардани насли оянда аст. Зеро дар таҷрибаву гуфтаҳои хориҷиён асолати давлатдории мо бештар ҳувайдо мешавад.
Мебояд гуфт, ки тоҷикон дар саросари ҷаҳон ҳамтаборону ҳамзабонони зиёд доранд ва онҳо аз ҳар комёбиву дастовардҳоямон ба ваҷд омада, мехоҳанд хушнудии худро ба забон оранд. Хушбахтона, баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд барои онҳо имкон медиҳад, то аз эҳсосоти неки худ моро бохабар кунанд.

Манзура РАҲМАТУЛЛОЕВА, омӯзгори МТМУ №49, ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2019    №: 200    Мутолиа карданд: 1480
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед