logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Конститутсия волотарин дастовард, асоси суботу рушди муътадили давлат ва маҳаки асосии ифодакунандаи ормонҳои ҳуқуқии ҷомеаи муосир буда, самти равиши дурусту ояндадорӣ низоми ҳуқуқии кишварро бо назардошти риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад. Бо ин мазмун, Конститутсия сарчашмаи ҳуқуқии инъикос ва бавуҷудоварандаи ормонҳо ва принсипҳои миллӣ, кафили мувофиқатии меъёру мазмуни он, фарҳангу оин ва таъриху замони муосир буда, асоси татбиқи пайдарҳамии тамоми низоми ҳаёти иҷтимоию ҳуқуқии ҷомеа мебошад.  
Аҳамияти таърихии Конститутсияи навини Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ, дар он зоҳир мегардад, ки муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоию ягона арзёбӣ кард.  Ин ҳуҷҷати бунёдӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро инъикос намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро шарти асосӣ ва бақои давлату миллат арзёбӣ намуд.
Пешвои муаззами миллат, ки дар таҳия ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия саҳми босазо доранд, нақши ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқиро дар рушду таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд муҳиму назаррас маънидод намуда, ҳанӯз 5 ноябри соли 2000, яъне баъд аз шаш соли амали Конститутсия дар суханрониашон зикр намуданд: «Аз баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлоламон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқи мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал пайвастанд. Конститутсия, пеш аз ҳама, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфт».   
Тоҷикистон дар муддати 25 соли амали Конститутсия марҳилаи рушди конститутсионии давлатдории навинро бо натиҷаҳои назаррасу қобили таҳсин паси сар кард ва барои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва таъмини принсипҳои демократии рушди ҷомеа тамоми шароити мусоидро фароҳам овард. Татбиқи бомароми хусусиятҳои ҳуқуқии Конститутсия имкон доданд, ки дар кишвар ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронда шуда, парламентаризми миллӣ рушд кунад ва қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат аз нав таҳияву қабул гарданд. Имрӯз дар фазои ҳуқуқии кишвар 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс ва 353 қонуни мукаммал амал мекунад, ки ба танзими муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва муайян кардани тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятӣ равона гардида, кафолатҳои конститутсионии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тақвият мебахшанд.  
Конститутсия ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, адолати судиро омили муҳими таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо маънидод намуд. Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия,  ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ роҳандозӣ шуда, бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017 ва 2019-2021 қабул шуда, барномаи ахир мавриди татбиқ қарор дорад.
Дар асоси барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ кодексҳои мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ, қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар ин самт, дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуданд.  Ҳамаи ин омилҳо ба рушду такомул ва тақвияти ҳокимияти судӣ дар мамлакат, баррасии одилона ва саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо таъсири амиқ гузоштанд.
Конститутсия ва дар заминаи он қабули қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд худогоҳиву худшиносии миллиро таҳким бахшида, ҳамзамон, барои ҳифз ва ташаккули арзишҳои фарҳангии кишвар ва суннатҳои қадимаи миллӣ, аз ҷумла барои эҳёи дубораи забони ноби тоҷикӣ, ки шоҳсутун ва муттакои ҳастии миллат аст ва чун забони давлатӣ эътироф шудани он шароити зарурӣ фароҳам оварданд.
Дар заминаи меъёрҳои сулҳҷӯёнаи Конститутсия ва татбиқи сиёсати бомароми хориҷӣ, Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи шоистаро пайдо намуд ва бо такя ба сиёсати «дарҳои кушода» бо кишварҳое, ки ба давлати мо назари некбинона доранд, муносибатҳои ҳамҷавору мутақобилан судмандро тақвият бахшид. Тоҷикистон бо беш аз 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатиашро ба роҳ монда, узви зиёда аз 80 созмони бонуфузи минтақавию байналмилалӣ мебошад ва ҳамасола бо беш аз 100 кишвари дунё мубодилаи молро анҷом медиҳад.   
Дар Конститутсия фарогир гардидани ҳадафҳои олии давлату давлатдорӣ ифодагари он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ воқеан санади муҳим ва калидии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон буда, муаррификунандаи давлату миллат дар ҷаҳони мутамаддин ва таъминкунандаи амалишавии орзуву ниятҳои созандаву бунёдкоронаи ҷомеаи мо мебошад. 

Даврон ҲОШИМЗОДА,
судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2019    №: 200    Мутолиа карданд: 1803
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед