logo

туризм

РОҒУН. САЙЁҲӢ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ

Эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар миёни сокинони шаҳри Роғун ҳамовозии хосса касб намуд. Бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, ташкили нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани шаҳрвандон, баланд гардидани сатҳи зиндагии онҳо аз ҷумлаи тадбирҳои мушаххас мебошанд, ки ҷиҳати рушду равнақи соҳа андешида шуданд.
Тавре Муъминшо Хуррамзода, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мегӯяд, шаҳри Роғун бо ҷойҳои таърихӣ, табиати зебо, обҳои софу чашмаҳои шифобахш, боғоти меваҳои шаҳдогин, гиёҳҳои шифобахш, боду ҳавои форам ба рушди сайёҳӣ мувофиқ ва созгор аст. Шаҳр 100 километр дуртар аз пойтахт, дар баландии 1420 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Имрӯзҳо барои сайёҳон дар шаҳр шароити мувофиқ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, 2 меҳмонхона, 7 осоишгоҳ, 4 тарабхона ва 2 боғи фарҳангию фароғатӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат менамоянд.
Мувофиқи маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр соли равон аз мавзеъҳои сайёҳии Роғун 1693 сайёҳ дидан намуд, ки 330-тои онҳоро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Бо мақсади рушду муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳр ширкати сайёҳии «Нур - 76» ва 5 хатсайри нави сайёҳӣ - «Хоҷа Ҷунайд», «Ёнахш», «Гули Сурх», «Луғур» ва «Марғзор» таъсис ёфтанд. Хатсайри «Хоҷа Ҷунайд» мавсимӣ буда, барои саёҳати пиёдагардӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, таърихию фарҳангӣ пешбинӣ мегардад.
Хатсайри «Ёнахш» бошад, аз маркази шаҳр дар масофаи 30 километр воқеъ аст. Зимни гардишгарӣ сайёҳон метавонанд аз манзараҳои зебои деҳаҳои Чормағз, Пору, Фаррух, Ғофилобод  ва Ғашён дидан намоянд. Хатсайрҳои «Гули Сурх», «Луғур» ва «Марғзор» бошанд, барои сайёҳии пиёдагардӣ нигаронда шудаанд. Дар даромадгоҳи шаҳр боғи фарҳангии «Нақб» бо тарҳи хеле ҷолиб, мавқеъ гирифтааст ва он сарсабзу хуррам буда, ба кас ҳаловати хосса мебахшаду рамзи шаҳри нурофар будани Роғунро ифода менамояд.
Гуфтан ба маврид аст, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷиро, пеш аз ҳама, иншооти азими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун», шаҳраки Оби гарм ва мавзеи Муллошайх, ки дорои обҳои гарми табиии шифобахш мебошанд, ҷалб месозанд. Обҳои мазкур барои бемориҳои буғумдард, пӯст ва дигар намуди бемориҳо хосияти шифоӣ дошта, ҷиҳати рушди сайёҳии муолиҷавӣ дар шаҳр заминаи мусоид фароҳам меоранд.
- Дараи Гули сурх, дорои кӯҳҳои баланд, харсангҳои калон, чашмаҳои софу зулол ва дарёчаҳои зиёд мебошад, ки дар фасли тобистон бо задани хаймаҳои муваққатӣ барои истироҳати меҳмонони ба ин мавзеъ меомада, пешбинӣ шудааст. Дараи Хоҷхарф дар иҳотаи кӯҳҳои осмонбӯс ҷойгир буда, дорои обҳои мусаффо, ҷангалзорҳо ва ҳайвонҳои ваҳшии гуногун мебошад. Он дар шафати ҷанубии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷойгир буда, барои меҳмононе, ки ба тамошои неругоҳ меоянд, имкони ташкили маркази фароғатию истироҳатӣ мавҷуд аст, - афзуд Муъминшо Хуррамзода. Ба андешаи мутахассисон, кӯҳи Яхдон низ байни сайёҳон маъруф аст.
Маҳбубияту ҷаззобияти кӯҳи Яхдонро кӯлҳо ташкил медиҳанд. Дар паҳнои на он қадар калон, байни манзараҳои аҷиби кӯҳӣ, зери кӯҳҳои барфпӯш ва ҳавои соф, кӯлҳои рангин ҷой гирифтаанд ва дидани ин мавзеи зебо қалби ҳар бинандаро тасхир ва барояш таассуроту хотироти фаромӯшнашуданӣ боқӣ мегузорад. Гӯшаҳои таърихӣ ва мақбараҳои шахсони ориф чун Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, Эшони Қиёмиддин. Эшони Абдураҳмонҷон, Хоҷаи Дарвеш, Хоҷаи Қалавур бо санъати баланди меъморӣ бунёд гашта, кас аз дидани онҳо рӯҳу равони тоза мегирад.
Муъминшо Хуррамзода иброз дошт, ки бо мақсади рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси ҳукумати шаҳр дар соли сипаришуда беш аз ҳашт дукони табақтарошӣ, заргарӣ, бофандагӣ, дуторсозӣ, сартарошхона, дӯзандагӣ, тоқидӯзӣ ва ғайраҳоро дар маркази шаҳр бунёд намуданд. Инчунин, дар шоҳроҳ  гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шуд, ки то ин вақт 152 сайёҳи хориҷӣ ташриф овардааст. Оянда дар даромадгоҳи шаҳр насби харитаи мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Роғун дар назар аст, ки дар он маконҳои таърихиву саёҳатӣ ва меҳмонхонаҳо ишора хоҳанд шуд.

Зикрулло РАҶАБ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2019    №: 200    Мутолиа карданд: 3449
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед