logo

маориф

МАОРИФ - ОИНАИ ТАМОМНАМОИ ИСТИҚЛОЛ

Боиси ифтихору фараҳмандист, ки  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  беш аз 180 давлати ҷаҳон ба расмият шинохтаву бо мо  муносиботи дӯстиву ҳамкории қавӣ доранд. Дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯю эътибори баланд  ва узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидани Тоҷикистон низ ба даврони соҳибистиқлолии  кишвар иртибот мегирад. Аз ҷумла, соҳаи маорифи кишвар низ дар ин давра ба таври бесобиқа рушд ёфта, маорифчиёну донишомӯзони кишвар соҳиби пешрафту дастовардҳои камназир шуданд.

Ҳукумати кишвар таҳти  роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ ҳисобида, ҳамасола барои бунёди биноҳои таълимии иловагӣ ва асосӣ, инчунин, таъмин ва муҳайё намудани шароити мусоид барои донишандӯзии хонандагон тадбирҳои  зарурӣ  меандешад. Давоми беш аз ду даҳсола дар соҳаи маориф ба пешрафтҳои назаррас ноил шудем.
Баргузории Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таҷрибаи  ҷаҳонӣ  амали  беназир буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок, калидӣ ва тақдирсоз таваҷҷуҳи бештар дорад. Зеро  рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи  ҷумҳурӣ аз тайёр кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад.Ташкили чунин вохӯриҳо дар рӯзи аввали соли хониш барои омӯзгорону  хонандагон ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи дониш, забономӯзӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон  ва дар ин замина тайёр кардани мутахассисони баландихтисос як барномаи мушаххас аст.
Тарбияи насли соҳибмаърифат, забондону ҷӯянда ва донандаи техникаву технологияи муосир, дар ҳақиқат, бояд ҳадафи асосӣ ва муҳими фаъолияти ҳар як омӯзгор бошад. Зеро пешрафту тараққиёти давлатро маҳз мутахассисони баландихтисосу кордон таъмин карда метавонанд.
Бояд гуфт, ки давоми 28 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисёр дастоварду пешравиҳо ноил гашт, ки ҳамаи ин муваффақиятҳо аз сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон сарчашма мегиранд. Сол ба сол беҳтар гардидани шароити иҷтимоии маорифчиёни мамлакат, хонандагону донишандӯзони кишвар, инчунин, иштироки фаъоли онҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, вусъат ёфтани бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф мебошад.
Воқеан, мо бояд аз ин муҳити осудаву ором, шароиту имконоте, ки давлату Ҳукумати мамлакат баҳри омӯзгорону хонандагон фароҳам овардааст, шукргузорӣ  карда, барои амалишавии ҳадафҳои неки миллиамон даҳчанд кӯшиш намоем. Ба қавли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон содиқонаву  софдилона меҳнат намоем”.

Фарзона ШОЕВА, омӯзгори МТМУ № 17, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2019    №: 200    Мутолиа карданд: 3076
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед