logo

фарҳанг

МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ. ИФТИХОРИ МАНУ МО

Дар Театри мусиқӣ - драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт садҳо нафар дӯстдори санъат ба муносибати таҷлили 80 - солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шодравон Маҳмудҷон Воҳидов ба ҳам омад.
Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт, дар ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки имрӯз дар Ватани азизамон бо талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит фароҳам аст, ки бузургдошту поси хотири фарзонафарзандони миллат дар сатҳи баланду бошукӯҳ доир шавад. Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар шаҳраки Шайдон бо назардошти хизматҳои арзандаи ҳунарманди мумтоз Маҳмудҷон Воҳидов ин бинои муҳташамро ба Театри мусиқӣ - драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов номгузорӣ карданд.
- Китоби умри Маҳмудҷон Воҳидов “Шоҳнома” - еро монад, ки бо гузашти айём аз боду боронҳо газанде наёфта, ҳамоно мояи омӯзишу ифтихори халқи тоҷик аст, - афзуд раиси ноҳия. - Бузургӣ ва неруи сухан ӯро рӯи саҳна овард. Дар саҳнаи театру кино ӯ шахси тасодуфӣ не, саропо истеъдод буду пур аз ҳунар, зебоиву зебоипарастӣ ва ҳубби ватанадориву миллатдӯстӣ.
- Рӯ овардан ба таъриху зиндагинома ва фаъолияти шахсиятҳои фарҳангӣ ва нобиғагону бузургони гузаштаи миллат дар меҳвари сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, - иброз дошт Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд. Посдории рӯҳу равони гузаштагони соҳаи фарҳанг моро вазифадор месозад, ки дар ин самт корҳои шоистаро ҷиҳати худшиносии миллӣ анҷом дода, ба ормонҳои давлатдориамон расида бошем. Ёдбуду бузургдошти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов низ тақвиятбахши амалисозии андешаҳои волои давлатдорист.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод аз нақши Маҳмудҷон Воҳидов дар рушди театру кинои тоҷик ёдовар шуда изҳор намуд, ки ин ҳунарманди нотакрор дар фаъолияти эҷодии начандон тӯлонӣ тавонист тоҷиконро ба ҷаҳониён чун як миллати воқеан ҳам тамаддунсоз муаррифӣ созад. “Боварам комил аст, ки рӯҳи баргузидаи Маҳмудҷон ҳамнишини фариштагон аст ва боз солиёни дароз исми Маҳмудҷон таблиғгари шеъру адаби тоҷикон хоҳад буд”, - илова кард мавсуф.
- Милоди Маҳмудҷон Воҳидов ба кулли тоҷикон ва дӯстдорони шеъру адаб табрик, - гуфт Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона. Ҳаёту фаъолияти ситораҳои тобоне дар санъати тоҷик чун Маҳмудҷон барои ҳунармандони ҷавон омӯзанда аст. Бо ҳунари волои хеш ин ҳунарманди сартопо ҳунар марзҳоро аз миён мебардошт, қалбҳоро гармӣ мебахшиду дуриҳоро наздик месохт. Воқеан ҳам, бахти миллати мост, ки Маҳмудҷон дошт, ки наҷми доимии ҷилобахш дар осмони адабиёту санъати  мо ҳастанд.
Шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш дар иртибот ба хизматҳои арзандаи Маҳмудҷон Воҳидов дар рушду таблиғи шеъру фарҳанг ва таърихи миллати тоҷик пешниҳод намуд, ки ҳар сол озмуни умумиҷумҳуриявии “Маҳмудҷонхонӣ” созмон дода, натиҷагирии ниҳоии он дар рӯзи мавлуди Маҳмудҷон Воҳидов, дар ҳамин театр доир гардад. Ин иқдом шароит фароҳам месозад, ки даҳҳо истеъдодҳои навро барои театру кино ва адабиёт дарёфт намоем.
Намоиши филми таҳиянамудаи кормандони театри ноҳия дар бораи фаъолияти эҷодии Маҳмудҷон Воҳидов ба ҷамъомад рӯҳи тоза бахшид.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2019    №: 200    Мутолиа карданд: 1258
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед