logo

иқтисод

БОҒУ ТОКПАРВАРӢ. АҲАМИЯТИ РУШДИ ОН ДАР ЗАМИНҲОИ ЛАЛМӢ

Мувофиқи меъёрҳои тасдиқшудаи байналмилалӣ ва Тоҷикистон, ба ҳар шахс давоми сол истеъмоли 100 кило мева тавсия дода мешавад. Яъне барои кишвари мо (аҳолиаш 9 млн. нафар) истеҳсоли 900 ҳазор тонна мева зарур аст.

Хушбахтона, дар пайи сиёсати хирадмандонаю дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои муассири роҳандозинамудаи Ҳукумати мамлакат, хусусан қабули барномаҳои давлатии рушди боғу токпарварӣ, тайи даҳсолаи охир Тоҷикистон тадриҷан ба боғистон табдил ёфта истодааст. Ҳамчунин, аз маҷмӯи маҳсулот дар хоҷагиҳои хусусию ёрирасон беш аз нисфи ҳаҷми меваю чоряки ангури мамлакат истеҳсол мешавад. Ҳаҷми майдони боғу токзор дар таносуб ба шумораи аҳолӣ  ва масоҳати умумии кишвар нисбат ба мамлакатҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ зиёдтар аст.
Дар ҳамин ҳол, дар мамлакат назар ба талабот қариб 3 баробар кам мева истеҳсол мешавад.
Яке аз сабабҳои асосии ин ҳол ба дараҷаи баланд рушд накардани боғдорӣ дар заминҳои лалмӣ – талу теппаҳои бо намӣ таъмин мебошад, зеро аз нигоҳи иқтисодӣ дар водиҳо бештар пахта, шолӣ, картошка, сабзӣ, пиёз ва зироатҳои обталаби дигар кишт кардан серманфиат аст.
Дар заминҳои доманакӯҳ бунёд намудани боғу токзор аҳамияти калони иқтисодӣ дорад ва на танҳо ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол, балки ба тозашавии муҳити зист ва пешгирии эрозияи заминҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Тоҷикистон дар тамоми минтақа ва кишварҳои дигари дуру наздик бо меваю ангури шаҳдбору хушсифати худ машҳур аст. Ангуру меваи лалмӣ, маъмулан, ширинтару босифаттаранд, зеро дар талу теппаҳо вазиши доимии бод имкони хурӯҷи бемориҳо ва ҳашароти зараррасонро ба боғҳо коҳиш медиҳад.
Зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли меваю ангур ба афзун гаштани иқтидори корхонаҳои коркарду истеҳсол, аз ҷумла шарбату консервабарорӣ ва ривоҷ додани содирот мусоидат мекунад.
Рушди босамари комплекси агросаноатӣ ва ноил гаштан ба истиқлолияти комили озуқаворӣ аз бисёр ҷиҳат ба интихобу ҷобаҷогузории бахшҳои кишоварзӣ вобастагии қавӣ дорад. Истифодаи заминҳои бекорхобидаи лалмӣ, рушди боғу токпарварӣ дар заминаи ин майдонҳо ва истифодаи босамари онҳо дар маҷмӯъ омилеанд, ки истеҳсолоти кишоварзиро ривоҷи тоза бахшида метавонад. Ин амал аҳамияти калони иҷтимоӣ низ дорад: бо ин роҳ аҳолии деҳотро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардан имконпазир аст.
Ҳангоми бунёд кардани боғ интихоби дурусти дарахт аҳамияти хосса дорад. Меваҳои донакдор агротехникаи парвариш, усулҳои ҷамъоварӣ, интиқол ва нигоҳдории махсусро тақозо менамоянд. Бинобар ин, чунин боғҳоро дар наздикии роҳҳои калон бунёд кардан ба мақсад мувофиқ аст. Ҳамчунин, ба назар гирифтани иқлим, таркиби хок, нишебӣ ва хосиятҳои дигари замин барои равнақи боғдорӣ аз аҳамият холӣ нест.
Аз рӯи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон масоҳати заминҳои обёришаванда бо нишебии то 0,4 дараҷа 750 – 800 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Агар заминҳои нишебиашон аз ин зиёдтар тавассути усулҳои таҷрибашуда, аз ҷумла бо роҳи бунёди сӯфаҳо, истифода шаванд, масоҳати боғу токзорро ба беш аз 1 миллион гектар расондан имконпазир аст. Ҳатто дар сурати азхуд кардани 500 ҳазор гектар замини бекорхобидаи доманакӯҳ ҳаҷми истеҳсоли мева ба 3,5 миллион тонна мерасад.
Мусаллам аст, ки 93 дарсади масоҳати кишварро кӯҳсор ва 5,5 дарсадро заминҳои кишт ташкил медиҳанд. Яъне ба ҳар нафар сокини мамлакат ҳамагӣ 0,1 – 0,13 гектар замини кишт рост меояд, ки дар Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи пасттарин аст. Дар манзари ин воқеият аҳамияти истифодаи заминҳои талу теппа ва доманакӯҳи кишвар бамаротиб меафзояд.

Ф. АБДУЛВОСИЕВ, коршиноси соҳаи иқтисод,
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»  

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2019    №: 200    Мутолиа карданд: 1388
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед