logo

иқтисод

ОМИЛҲОИ ЗИЁД НАМУДАНИ ҲОСИЛНОКИИ ПАХТА

Рушди соҳаи пахтакорӣ пас аз ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти боз ҳам бештар касб мекунад. Дар ҳақиқат, равнақи соҳа афзалияти зиёд дошта, ба рушди бемайлони иқтисодиёти кишварамон, хусусан саноат, таъсири мусбат мерасонад. Дар ин матлаб роҳҳои асосии зиёд намудани ҳосилнокии пахта бо истифода аз таҷрибаҳои бисёрсолаи илмӣ ва амалӣ дар шароити Мирзочӯли тоҷик шарҳ ёфтаанд.

Мирзочӯл ба се ҷумҳурӣ Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон вобаста шудааст. Аз ғарб ба шарқ 120 км ва аз ҷануб ба шимол то 90 км дарозӣ дорад. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 ҳазор гектар замини ин дашт дохил  мешавад.
Анъанаҳои миллии деҳқони асил дар парвариши пахта ҳалолкорию  поккориро талаб менамоянд. Бо сифати баланд гузарондани корҳои агротехникии парвариши пахта - сар аз интихоби тухмию кишт то ҷамъоварии ҳосил асоси ҳосили пурбаракат  мебошад. Агар ягон кори агротехникӣ, масалан култиватсия ё обёрӣ, сари вақт гузаронда нашавад, ҳосил талаф меёбад. Яъне  пахтаро фиреб карда намешавад.
Интихоби тухмӣ аввали кор аст. Хоҷагии деҳқонии «Бахтигул» - аз Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод солҳои охир навъи пахтаи маҳаллии «Хуҷанд – 67» - ро кишт намуда, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 46 сентнер ҳосил гирифт. Аз навъи «Хуҷанд - 67» то 52 сентнер ҳосил гирифтан имконпазир аст. Омили муҳими рӯёндани ҳосили баландро сарвари хоҷагии деҳқонӣ Д. Давронов дар риояи талаботи агротехникаи парвариши навъ ва ба роҳ мондани  ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа медонад. 
Ба ҷумҳурӣ ворид шудани навъҳои серҳосили пахтаи хориҷӣ низ, хусусан туркӣ ва хитоӣ, ба зиёд шудани ҳосилнокии пахта таъсир расонд. Пахтакорони хоҷагии деҳқонии «Зафар» (роҳбараш К. Суннатуллоев) дар ноҳияи Зафаробод соли 2005  дар якумин қитъаи намоишӣ навъҳои «Флора» ва «Кармен» кишт карда, ҳосили хуб гирифтанд. Яке аз хусусиятҳои ин навъҳои хориҷӣ мутобиқ будани онҳо  ба ҳарорати баланди ҳаво ва камобӣ мебошад.
Омили дигари муҳим, ки ба ҳосилнокии пахта таъсири калон мерасонад, обёрии саривақтӣ аст, хусусан дар моҳҳои июл ва август. Агар дар заминҳои санглох дар ин вақт обёрӣ баъди ҳар 10 рӯз гузаронда нашавад, ҳосил талаф меёбад. Дар заминҳои хокӣ фосилаи обёрӣ 15 рӯз аст. Тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, дар хоҷагиҳои деҳқоние, ки чоҳи амудӣ доранд, миқдори нигоҳдории ҳосил зиёда аз 90 %, дар заминҳое, ки ба воситаи каналҳо обёрӣ мешаванд, камтар аз 70 % мебошад.
Омили дигари муҳим, ки бояд пахтакорон ба он эътибори ҷиддӣ диҳанд, аз оғози кишт то ғунучини пахта эмин доштани зироат аз хашарот ва алафҳои бегона мебошад.
Корҳои илмӣ – тадқиқотӣ  ва амалии бисёрсола собит сохтаанд, ки бар зидди кирми ғӯза дар оғози давраи шонабандии пахта истифода бурдани 1 – 2 доминаки феромонӣ дар як гектар ва дар давраҳои шонабандӣ, гулкунӣ, ҳосилғункунии  пахта истифода бурдани трихограмма (1 – 5 грамм барои як гектар) ва бракон ба эмин доштани ҳосили пахта мусоидат намуда, ҳоҷати коркарди кимиёӣ намемонад. Агар кишти барвақтӣ то 15 апрел гузаронда шавад, ба сарчинкунии пахта низ барвақт оғоз намудан лозим аст. Ин амал ҳосили пахтаро аз зиёни кирми ғӯза нигоҳ медорад. Дар қитъаҳои деркиштшуда оғози рушду нумӯи кирми ғӯза ба давраи шонабандӣ ва гулкунӣ меояд.
Самаранокии заҳрхимикатҳо ҳам бар зидди тортанакҳо дар давраи аввали нашъунамои пахта зиёд мебошад.
Аҳамияти киштгардон барои зиёд намудани ҳосилнокии пахта муҳим аст. Дар як замин бояд пахта на кам аз  5 - 6 сол кишт шавад, баъд киштгардон кардан, яъне беда ва зироатҳои лӯбиёӣ коштан зарур аст.
Ба заминҳои пахта дар моҳҳои ноябр ва декабр пеш аз шудгор дар ҳар як гектар на кам 10 тонна нуриҳои органикию 200 кг аммофос пошидан ҳосилнокии пахтаро зиёд мекунад.
Деҳқонон мегӯянд, ки як алафи бегона обу ғизои як бузро  мехӯрад. Пахтазорро аз оғози кишт то ғунучини пахта нарм карда, ба пуррагӣ аз алафҳои бегона, хусусан ғумай ва аҷириқ, тоза кардан имконият медиҳад, ки ниҳолҳо хуб нашъунамо ёбанд ва озуқа асосан ба зироати пахта расад. 

Ином ҚОБИЛБЕКОВ, номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими калони илмии филиали пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ дар вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2019    №: 201    Мутолиа карданд: 871
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед