logo

фарҳанг

АЗ ХУДШИНОСӢ ТО ШИНОХТИ ВАТАН

Андешаҳо дар бораи китоби С. Ятимов "Хирадсолорӣ ва оинаи давлатдорӣ", иборат аз 207 саҳифа, фарогири шаш мавзӯъ, бо се забон: тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ.
Китоби «Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ», хусусияти илмӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва фалсафӣ дошта, фарогири шаш мавзӯъ: оид ба истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таърих, забони модарӣ, таълиму тарбия, одобу ахлоқ ва мавқеи зиёиён буда, намунаҳои афкори пандомӯз ва таҳлили баъзе паҳлуҳои таълимоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои ҳаётан муҳими давлатдории навини тоҷиконро дар бар мегирад.
Роҷеъ ба мавзӯи Истиқлолияти давлатӣ. Муаллифи ин падидаро аз дастовардҳои нодиртарин дар таърихи навини халқи тоҷик арзёбӣ намуда, хусусияти меҳварӣ ва тавсеабахшандаи ҷомеаро нишон додааст. Ин истилоҳ қудрати бузурги ҳалқасоз буда, силсилаи муназзам ва мураттабро дар бар мегирад.
Дар баёни маъниҳои худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ муаллиф бамаврид таъкид мекунад, ки дар таълимоти сиёсӣ ва миллии Пешвои миллат ин масъала дар ҷойи аввал меистад. Иттиҳоди мардум, пойдории сулҳу субот, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ҳамчун шартҳои ҳифзи манфиатҳои кишвар, афзоиши неруи иқтисодии мамлакат ва омилҳои муҳимтарини рушди давлатдории миллӣ эътироф гардидаанд.
Мусаллам аст, ки дар таълимоти Сарвари давлат таъриху забон, адабиёту фарҳанг маҳаки асосии худшиносию хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ ба шумор мераванд. Дар ин истилоҳот кӯшиши ба тарзи амалӣ нишон додани таҷрибаи таърихӣ, дастовардҳои муайян ҳамчун далели раднопазири ҳастии миллати тамаддунсози мо дар шакли возеҳ мушоҳида мегарданд ва онҳо ҳамчун арзишҳои эътирофгардидаи сатҳи ҷаҳонӣ ёдоварӣ мешаванд. Муаллиф марҳалаҳои аслии таърихи навтарини миллати тоҷикро дар шакли зерин ба қалам додааст:
«Омӯзиши таърих ва таҷрибаи дар тӯли асрҳо андӯхтаи миллатамон ба мо барои бунёд кардани давлати пешрафта, тараққихоҳ ва сулҳдӯст, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва дар қалби мардум баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандориву  худшиносии миллӣ мисли обу ҳаво зарур аст».
Муаллифи китоб дар алоқамандӣ бо бузургӣ ва тавонмандиҳои забони тоҷикӣ бамаврид зикр менамояд, ки дар таълимоти Пешвои миллат забон ҳамчун падидаи нодири ҷамъиятӣ ва натиҷаи ҷараёни таърихии шаклгирии миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Забони тоҷикӣ дар асоси забонҳои бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва хутану сакоӣ ташаккул ёфтааст. Дар ин маврид, андешаҳои Пешвои миллатро муассир чунин хотиррасон мекунад: «Ногуфта намонад, ки забони коргузорӣ ва илму адаби давлати Салчуқиёни Рум забони тоҷикӣ буд...». Роҷеъ ба таълиму тарбия ва одобу ахлоқ. Муаллиф муҳимтарин вазифаи ҷомеа – тарбияи инсонро дар мадди аввал мегузорад. Аз нигоҳи ӯ ин раванд, ҷараёни аз лиҳози рӯҳӣ, равонӣ, маънавӣ ва ҷисмонӣ ба ҳаёти мустақилона тайёр кардани шаҳрвандро фаро мегирад. Таъкид менамояд, ки ҳама гуна ҷавҳари давлатдорӣ дар вобастагии ногусастанӣ бо тарбияи инсон қарор дорад. Тарбияи инсон дар таълимоти Пешвои миллат, ки назария ва амалияи давлатдории навини тоҷикро бунёдгузорӣ кардааст, аз мавзӯъҳои марказӣ, рӯзмарра, калидӣ эълон гардидааст ва амалан пайгирӣ карда мешавад.
Ба андешаи муаллиф, таваҷҷуҳ ва талабот нисбат ба табақаи зиёиён дар тамоми давру замонҳои таърих мавқеи баландтаринро ишғол мекунад. Дар робита ба ин, Сарвари давлат нисбат ба зиёиёни мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, онҳоро қувваи пешбарандаи ҷомеа ном мебарад. Аз ҷумла, зиёиёнро «нигаҳбони арзишҳои маънавии халқ ва миллати худ» номбар карда, сиёсати фарҳангиро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлатӣ эълон намудааст.
Ҳамин тавр, китоби «Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ» таҳлили баъзе паҳлуҳои таълимоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масъалаҳои муҳими давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ фаро гирифта, нашри он айни замон бамаврид мебошад, ки дар омӯзиши ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, тарбия ва пос доштани таърихи тамаддуни халқи тоҷик нақши муҳимро мебозад.

Н. АЗИМЗОДА, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
профессор, мудири кафедраи
таърих ва робитаҳои байнифарҳангии
ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода,

Ғ. ИКРОМОВ, номзади илмҳои таърих,
дотсенти кафедраи таърих ва
робитаҳои байнифарҳангии
ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2019    №: 202    Мутолиа карданд: 1035
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед