logo

иқтисод

КОНСОЙ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ РӮШАНТАР ХОҲАД ШУД

Консой дар даврони соҳибистиқлолӣ  аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рушд ёфта, симояшро чун шаҳраки муосир куллан тағйир дод. Тамошои зебоии пиёдароҳҳои сафолакпӯш, гулгаштхои рангоранг, канорҳои пургулу сарсабзи роҳҳои мошингард, биноҳои замонавии муассисаҳои фарҳангӣ, тиббӣ, варзишӣ ва иншооти дигар  ба кас фараҳ мебахшад. Дар корҳои ободонию созандагӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, ҳамчунин,  дастгирии молиявӣ дар баргузории чорабиниҳои идона дар шаҳраки Консой корхонаи муштараки «Апрелевка» ҳамасола бо ҷудо кардани маблағҳо аз ҳисоби даромад саҳми назаррас дорад.
Ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корхонаи «Апрелевка» низ  баҳри сарсабзию хуррамии шаҳрак, таъмири муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ ва роҳҳои дохилӣ соли равон зиёда аз 2 миллион сомонӣ маблағ равона кардааст.
Сокинони Консой низ дар иқдомҳои ободонию созандагии шаҳрак фаъолона ширкат меварзанд. Яке истгоҳ бунёд мекунаду дигаре маркази савдо, кошонаи ҳусн, нуқтаи хизматрасонии маишӣ… Хушбахтона, теъдоди ободгароён пайваста меафзояд.
Консой чун шаҳраки нақбканону геологҳо ҳанӯз соли 1933 таъсис ёфта, соли 1994 дар шароити соҳибистиқлолӣ ба ҷамоати шаҳрак табдил дода шуд. Ҳоло нуфузи аҳолиаш наздик ба 6 ҳазор нафар расидааст. Рушди баъдии шаҳрак ба фаъолияти муътадили  корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада - «Апрелевка» ва ҶСК «Равшан» иртиботи қавӣ дорад. Феълан дар ҳар ду корхона ҷиҳати васеъ кардани истеҳсолот барномаҳои мушаххаси рушд тарҳрезӣ шудаанд.
- Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз фаъолият бозмондани корхонаи коркард ва конҳои истихроҷи маъдан мардуми шаҳракро муддате ҳиссиёти ноумедӣ фаро гирифт.  Бархе аз мутахассисони варзида ҷиҳати дарёфти шуғлу даромади муносиб ба кишварҳои дигар рафтанд, аммо теъдоди зиёди онҳо бе кор монданд ва танҳо умед аз Ҳукумати Тоҷикистон доштанд ва ин умед самар овард. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо талошу такопӯи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар мутахассисони ватаниву хориҷӣ чанд кони нав кашф карданд ва истихроҷи маъдан оғоз гашт. Корхонаи муштараки «Апрелевка» таъсис ёфт, ки то имрӯз фаъолияти босамар дошта, шумораи кормандони он тадриҷан ба 900 нафар расид ва аксари онҳо сокинони муқимии шаҳраканд. Музди миёнаи моҳонаи кор зиёда аз 2700 сомониро ташкил медиҳад, ки миёни корхонаҳои саноатии мамлакат аз ҷумлаи балантаринҳост. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия ва Қазоқистон ба андозаи назаррас коҳиш ёфт. Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ,  ҳаммом,  толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти зиёди дигари ҷашнӣ шароит фароҳам меорад, ки боз теъдоди муайяни сокинони шаҳрак соҳиби ҷои кори доимӣ шаванд, - мегӯяд Баҳодур Сайдуллоӣ, раиси шаҳраки Консой.
Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро сокинони Консой бо вусъат бахшидани корҳои созандагию ободонӣ, сабзазоркунии кӯчаю роҳравҳо, маҳаллаҳои аҳолинишин, рангубори манзилҳои истиқоматӣ ва таъмири роҳу биноҳо истиқбол гирифтанианд. То ҷашни миллӣ боз 7 километр роҳ мумфарш ва 15 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта бунёду таъмир карда мешавад. Консой, воқеан ҳам, ба макони орзуву умедҳо табдил ёфтааст.
 
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2019    №: 202    Мутолиа карданд: 639
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед