logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ - КАФОЛАТИ АДОЛАТИ СУДӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва муайян намудани самти ояндабинонаи давлатсозӣ қабул гардидааст, дар амал собит намуд, ки аз ҷониби коршиносон ба панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳо мансуб донистани он баҳогузории воқеӣ мебошад.
Дар боби ҳаштум ва моддаҳои 84 – 91 - и Конститутсия, ки ба мақомоти судӣ бахшида шудааст, суд ҳамчун кафили амалишавии уҳдадориҳои давлат дар самти таъмини ҳифзи музаффариятҳои даврони мустақилият эътироф гардида, зимни таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия ба сифати шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ шинохта шуд. Ин муқаррароти конститутсионӣ мақоми судро дар сатҳи давлатдорӣ то ба дараҷаи сохтори муҳими давлатӣ арзёбӣ намуда, таҷрибаи пешқадами давлатҳои мутараққӣ ҷиҳати идораи давлат бо таҷзияи рукнҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ ва бо ин тартиб таъмин намудани принсипҳои волоияти қонун ва баробарӣ истифода гардид.
Ҳамзамон, бо мақсади тақвият бахшидан ба нақши суд дар амалӣ гаштани кафолатҳои конститутсионӣ дар моддаи 14 Конститутсия муқаррар шуд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян карда, бевосита амалӣ гашта, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Бинобар ин, дар сатҳи контситутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ барои дар амал татбиқ гардидани кафолатҳои дар Конститутсия муқарраршуда вазифадор карда шудааст. Ин аст, ки сарчашмаи асосии фаъолияти ҳокимияти судӣ Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои беғаразона ва мустақилона иҷро намудани уҳдадориҳои вазифавӣ судяҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ дошта, зимни фаъолияти баамалбарории адолати судӣ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат кардан ба фаъолияти онҳо манъ аст.
Ҷиҳати воқеъан таъмин гардидани ин кафолатҳои конститутсионӣ дар моддаҳои 345, 354 ва 356 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар ҳар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо мақсади монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба суд, таҳдиди куштан, расондани зарар ба саломатӣ, вайрон ё несту нобуд кардани молу мулк нисбат ба судя, машваратчии халқӣ, пристави суд ё котиби суд, ҳамчунин, наздикони онҳо вобаста ба баррасии парванда ё мавод дар суд ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст.
Дар асоси ин муқаррароти конститутсионӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, инчунин, бо мақсади таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо соли 1997 Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин, барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 – 2010, 2011 – 2013, 2014 – 2017, 2019 – 2020 тасдиқ гардид. Зимни татбиқи барномаҳои мазкур як қатор тадбирҳои назаррас андешида шуда, аз ҷумла қонуну кодексҳои соҳавӣ дар таҳрири нав қабул гардидаанд. Суди конститутсионӣ ва судҳои иқтисодӣ ташкил ва муҳлати ваколати судяҳо аз панҷ ба даҳ сол тамдид шуд. Гузашта аз ин, дар судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, инчунин, вазифаи коромӯз - судя таъсис  ёфта, воҳидҳои иловагии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ҷудо шуда, маоши вазифавии судяҳо давра ба давра баланд гардид.
Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат, ки дар ин самт ташаббускори бевосита мебошанд, судҳои ҷумҳурӣ вазифаҳои хизматии худро дар раванди амалигардонии адолати судӣ ба таври масъулиятнок ба роҳ монда, бо василаи баррасии парвандаҳои судии гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, ки дар соли 2018 шумораи онҳо беш аз 140 ҳазорро ташкил дода, назар ба солҳои қаблӣ ба маротиб зиёд мебошад, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлат, корхонаву муассисаҳо ва қонунияту адолат саҳми худро гузошта истодаанд.
Зафар АЗИЗЗОДА,
раиси коллегияи судӣ оид ба
парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2019    №: 203    Мутолиа карданд: 865
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед