logo

фарҳанг

"БЕҲТАРИН ШЕЪРИ БАЧАГОНА". ОЗМУНЕ САРШОР АЗ ПАНДУ АНДАРЗ

Пайроҳаи шоирӣ пуршебу фароз аст. Бузургон хуб гуфтаанд: «Ҳар ки сухан бар сухане зам кунад, қатрае аз хуни ҷигар кам кунад». Шеъри хуб, албатта ҳаводорони худро пайдо мекунад. Аммо, на ҳар касе, ки шеър меофарад, ҷуръат мекунад, ки маҳсули хомаи худро пешниҳоди хонандагон созад. Барои ин озмунҳое, ки бо ташаббуси дӯстдорони шеъру адаб, инсонҳои наҷиб ва ташкилоту идораҳо ва рӯзномаву ҷаридаҳои мухталиф роҳандозӣ мешавад, басо муфиду хушоянд аст.

Озмуне, ки бо ташаббуси Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти унвони «Беҳтарин шеъри бачагона» созмон дода шудааст, қобили таҳсину офаринҳост. Ин озмун дар роҳи дарёфту тарбияи эҷодкорони нав таъсири мусбат хоҳад расонд. Муҳимтар аз ҳама, бештари шеърҳои озмунӣ саршори панду андарзанд ва дар тарбияи дурусти кӯдакон ҳиссаи худро гузошта метавонанд.
Дар ҳақиқат, шеърҳо барои бачаҳо хеле кам навишта мешаванд ва ин озмун имкон медиҳад, ки аҳли қалами ҷумҳурӣ бо чакидаҳои хомаи хеш адабиёти бачагонаи моро ғанӣ гардонад. Шеърҳои пешниҳоднамудаи баъзе аз довталабони озмун дар ҳақиқат суфтаю равон буда, ба кӯдакон дарси адаб дода метавонанд. Масалан, Ҷумъагули Назар дар шеъри «Баҳси дугонаҳо» мунозираи се дугонаро, ки фикр мекарданд бо доштани сарулибос ва гӯшвораю дигар чизҳо дар байни хонандагони мактаб беҳтарин мешаванд, ба қалам дода, ба кӯдакон фаҳмондааст, ки танҳо донишу ахлоқи хуб доштан, касро беҳтарин мегардонад. Барно ном қаҳрамони шеър дар ин масъала чунин хулоса мекунад:
Барно гуфто: Беҳтарин
Кӣ мешавад, надонам.
То, ки шавам беҳтарин
Ман «Алифбо» мехонам.

Ё шеъри «Ҷиҳози худкор» низ панд дошта, бачагонро ба тозаю озода нигоҳ доштани сарулибос ва дигар лавозим ҳидоят менамояд:
Модар гуфто: «Гар ин аст
Кори дигар мебояд,
Аз дасти ҷиҳози ту
Ҳамаи кор меояд.

…Тозагӣ дар сумкаат
Худаш ҳувайдо шавад.
Попӯши гумшудаат
Худ аз худ пайдо шавад».
Абдусаттори Раҳмон дар шеъри «Бача раҳгардон шавад» бо ишора ба гунҷишкаки сарсон ба кӯдакон фаҳмондааст, ки аз модар напурсида ба ҷое рафтан, кори хуб набуда, модарро овораю саргардон мекунад:
Гунҷишкаки бечора
Сарсон асту овора.
Ин сӯ, он сӯ давад ӯ,
Ба лаби ҷӯ равад ӯ,
Барояд болои бом,
«Куҷо шуд бачаи хом?»
Гаҳ параду гаҳ шинад,
Ҳама ҷоро бубинад.
Бачаякашро кобад,
Аммо онро наёбад.
Дида ҳоли зори ӯ,
Фиғони бисёри ӯ,
Ба ман гуфто модарам:
«Ана дидӣ, писарам,
Бача роҳгардон шавад.
Оча саргардон шавад».
Ҳамин тавр, довталабони дигари озмун Сафаралӣ Раҷабов, Валӣ Исматов, Шаҳло Абдуллоева, Нуринисои Султон, Гулбибӣ Боқиева ва дигарон низ шеърҳои равону суфта ва тарбиявӣ навиштаанд. Мо бовар дорем, ки новобаста аз натиҷаҳои озмун ҳамаи эҷодкороне, ки шеърҳои худро фиристодаанд, дар ин ин ҷодаи басо душвор ва бошараф бештар заҳмат кашида, бо шеърҳои ҷолибу хонданбоби худ адабиёти бачагонаи моро рушду маънӣ мебахшанд.

Салоҳиддин ФАТҲУЛЛОЕВ, фолклоршинос, корманди
Институти забон ва адабиёти ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2019    №: 204    Мутолиа карданд: 1047
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед