logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ САРМАНШАИ АДОЛАТИ СУДӢ

Рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат дар ҳама давраҳои таърихӣ аз таъмини адолати иҷтимоӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маншаъ мегирад. Дар саргаҳи иҷрои ин амр нақши мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ баланд мебошад. Ин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати санади олии ҳуқуқӣ риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро  тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат додаст.

Ин нуктаро Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ, зимни мизи мудаввар бахшида ба 25 - умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони мақомоти судӣ доир ба мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими судҳои иқтисодӣ» зикр намуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 25 сол Конститутсияи мамлакат барои эҳтиром, риоя, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини шароити хуби зиндагӣ барои ҳар шахс фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо дониста шуд. Маҳз ин санади олии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошта, механизми ҳамкории мақомоти давлатиро бо ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян намуд.
Инчунин, зимни ҷамъомад, собиқадорони соҳа, раисони судҳои олии  иқтисодии вилоятҳо ва як қатор шаҳру ноҳияҳо нақши Конститутсияро  дар  таҳкими судҳои  иқтисодӣ баланд арзёбӣ карданд. Зикр шуд, ки Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар мамлакат замина гузошт, ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва дар ин замина, бори нахуст дар кишвар Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфтанд.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, содагардонии ҷараёни мурофиаи судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, таъмини қонунияту адолат, ҳимояи манфиатҳои давлат ва  такмили сохтору фаъолияти мақомоти судӣ дар кишвар  чор барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ гардид.
Чорабиниҳое, ки дар барномаҳои мазкур пешбинӣ шуданд, боз ҳам тақвият бахшидани  кафолати конститутсионии адолати судӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад, ки онро қисми 3 моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. 
 
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2019    №: 205    Мутолиа карданд: 1690
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед