logo

иқтисод

НУРОБОД. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ РУШД

Сокинони ноҳияи Нуробод аз суҳбату мулоқоти судманди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  зимни сафари кориашон ба ин ноҳия дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ анҷом доданд,  рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо дилу нияти нек ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихормандӣ дар ободиву пешрафти диёрашон дастҷамъона саъю талош доранд.
Тавре Дӯстзода Ҳасан Тақдир, раиси ноҳияи Нуробод, зимни суҳбат бо хабарнигори "Ҷумҳурият" гуфт, мардуми заҳматпеша тамоми иродаву матонати хешро  баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, корҳои ободонию созандагӣ, таҳкими сулҳу субот ва сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда истодаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар дафтари нозироти андоз 249 ташкилот, аз ҷумла 112 ташкилоти буҷетӣ ва 137 ғайрибуҷетӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 204 ададаш фаъол буда, дар рушди иқтисодиёт ҳиссаи назаррас дорад. Аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ, ки бо патент ва дар асоси шаҳодатнома фаъолият доранд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба буҷет 736 631 сомонӣ маблағ ворид гардид. 
Филиали №12 - и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ба 274 сокини ноҳия ба маблағи 1 985 500 сомонӣ барои тиҷорат, рушди чорводорӣ, картошкапарварӣ ва дигар соҳаҳо қарз додааст.
Маркази хизматрасонии филиали “Аввалин Бонки молиявии хурд” низ ба 452 соҳибкор қарзҳои гуногун пешниҳод намудааст, то ки хоҷагиҳои деҳқонии худро тараққӣ дода, маҳсулоти бозоргир рӯёнанд.
Таъмини иҷрои “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” зери назорати доимии роҳбарияти ноҳия қарор дошта, боғдорон дилгармона меҳнат намуда, 8 га боғро барқарор ва дар майдони 11 га боғи нав, аз ҷумла 1 га  боғи интенсивӣ бунёд карданд.
Дар маҷмӯъ, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба 118502,8 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 5 532,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 1373 шаҳрванд муроҷиат намуд, ки аз ин шумора 204 нафарро занон ташкил медиҳанд.  422 нафар бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуд, дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолон» - и ноҳияи Тоҷикобод, дар асоси шартномаи тарафайн 7 гурӯҳ ба курсҳои кӯтоҳмуддати семоҳа ва думоҳа бо ихтисосҳои “Адрасбофӣ”, “Чӯбтарошӣ”, “Кафшергарӣ”, “Муҳосибӣ”, “Компютерӣ”, “Дӯзандагӣ” ва “Омӯзиши забони русӣ” ҷалб гардид.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва дигар шахсони саховатпеша фазои мусоид фароҳам овардааст, иқдоми созандаи онҳо аз ҷониби бахшҳои давлатӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.
Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 188500 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 900 сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи нақша, барои сохтмону ободонӣ аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 30 миллиону 372 ҳазору 600 сомонӣ, аз ҷумла 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун», 12 миллиону 69 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва вазорату кумитаҳо, 450 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, 773 ҳазору 600 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ,  595 ҳазор сомонӣ аз Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 6 миллиону 485 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби мардум ва соҳибкорон, пешбинӣ шудааст, ки иҷрои он 25 миллиону 469 ҳазору 500 сомонӣ ё 84 дарсадро ташкил медиҳад.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП - 1059 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо саҳми мардум ва соҳибкорон сохтмони 248 иншооти таъйиноти гуногун дар нақша аст, 132 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Айни замон дар 116 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Боиси хушнудист, ки рӯз ба рӯз сафи шахсони саховатпеша ва ватандӯст бобати сохтмону бунёди иншооти ҳаётан муҳим афзуда истодааст. Сокини деҳаи Тегирмии деҳоти Комсомолобод Эмомалӣ Шеров аз ҳисоби маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъовардаи худ ба бунёди пули мошингузар барои ҳамдиёрон иқдом намуд. Ин амали неку савоб дастгирӣ ёфт. Сокинони деҳаи Юсти Ҷамоати деҳоти ба номи И. Ҳалимов низ бо саҳми худ дар дарёи Сурхоб пули мошингузар сохтанд.
Ба истиқболи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия 28 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи баъзе аз онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.
Дар арафаи Ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 12 бинову иморати таъйиноти гуногун ба маблағи 6 миллиону 694 ҳазору 200 сомонӣ,  аз ҷумла муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии № 79 дар деҳаи Сарҷӯй, муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ дар деҳаи Хуфак, ошхона ва дорухона дар шаҳраки Дарбанд, сехҳои коркарди дару тирезаҳои чӯбӣ ва истеҳсоли хишти сементӣ дар деҳаи Улфатободи деҳоти Сафедчашма, мағоза ва сартарошхона дар деҳаи Миёнадара, хатҳои интиқоли барқи 110 кВт дар соҳилҳои чап ва рости обанбори Роғун ва ғайра ба истифода дода шуданд.
Имсол аз 417 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ дар ноҳияи Рашт ва шаҳри Душанбе 96 нафар ба коллеҷҳо ва 163 тан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шуданд.
Тибқи Квотаи президентӣ имсол 68 нафар (аз ҷумла 42 духтар) хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба макотиби олӣ дохил шуд.
Тарбияи насли солиму ҷасур ва ватандӯстӯ хештаншинос яке аз самтҳои асосии фаъолияти  мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маҳсуб меёбад. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар рӯзи 1-уми даъвати баҳорӣ ҷавонон - ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана гусел карда шуданд. Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар даҳаи аввали моҳи октябр 100 фоиз иҷро гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ташкили қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе аз ҷониби раиси ноҳия комиссияи босалоҳият таъсис дода шуда, масъалаи мазкур зери назорати қатъӣ қарор дорад. Дар асоси амри раиси ноҳия гурӯҳи корӣ ҳолати коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, фаъолияти кормандони дастгоҳҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ҳакимӣ, Муҷихарф, Сафедчашма, Комсомолобод ва ба номи И. Ҳалимовро мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода, барои рафъи камбудиҳо ва беҳдошти кор дар ин самт маслиҳатҳои методӣ дод.
- Меҳнаткашони ноҳия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод  пурмаҳсул меҳнат намуда, барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ боз ҳам чораҳои мушаххас меандешанд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Дӯстзода Ҳасан Тақдир.

Худодод ЗАЙНИДДИН,  "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2019    №: 205    Мутолиа карданд: 2223
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед