logo

ҳуқуқ

КУШТОРИ ШОИРИ БЕОЗОР АЗ ДАСТИ ҚОТИЛОНИ НАҲЗАТӢ

Дар айни камолоти эҷодӣ ва баҳсу талошҳои маҳалгароӣ шоири ҷавони мумтоз Махсум Олимӣ (Олимов) аз дасти қотилони миллат, ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ дар шаҳри Душанбе кушта шуд ва пас аз чанд рӯз ҷасади дар хоку хун оғӯштаи ин марди хирадро дар канори шаҳр пайдо намуданд. Ин ҳодисаи мудҳиш 24 октябри соли 1992 ба вуқӯъ пайваста буд, ки шоир дар  тан либоси хоксоронаи зиёӣ ва дар лаб суханони шоиронаи пандомез дошт.
Ба ҳама якрӯ буд ва касеро бегона намеҳисобид, дар байни омма гаштугузор мекард ва тарсе аз марг надошт. Дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор мекард ва ҳамаро ба муттаҳидӣ ва оромию тамкин даъват менамуд. Аммо қотилони маҳалгаро ва бедину риё суханонашро намеписандиданд ва ӯро ба шаҳодат расонданд. Вале бо ин амали ноҷавонмардона худро заифу номи неки шоири тавоно Махсум Олимиро ҷовидона гардонданд.
Махсум Олимӣ 10 октябри соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1973 баъд аз хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) дохил шуда, онро соли 1978 ба итмом расонд. Чанд муддат дар матбааи шаҳри Душанбе ба ҳайси барқчӣ кор кардааст. Нахустин шеъри ӯ бо номи «Модар» дар рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат» - и ноҳияи Айнӣ соли 1975 рӯи чоп омад. Ҳамчунин, дар давраи донишҷӯияш дар шаҳри Қӯрғонтеппа шеъру таронаҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Ҷавонони Тоҷикистон», “Маориф ва маданият» пайваста чоп мешуданд.
Махсум Олимӣ аз як сӯ шоири ринду хандону ҳамешаҷавон ва аз сӯи дигар марди боимон, оқилу инсондӯст ва содиқу рӯҳоние буд, ки одамонро ба ишқу лутфу покию накӯкорӣ мехонд. Бардошти ман аз диду боздид ва нишасту бархостҳо бо Махсум Олимӣ ин буд, ки ӯ аз модар шоир зода шуда, шоирона сухан мегуфт, шоирона ғам мехӯрд, шоирона шодӣ мекард ва шоирона мезист. Дар ботинаш ҳама чӣ буд – ишқи зиндагӣ, орзуи парвоз, накӯкорӣ, ҳамдилӣ, ҳамқадамӣ. Меҳвари маҳкаме аз ростфитратӣ сару қомати ӯро баланд медошт, дилашро боз ва чеҳраашро шукуфон. Метавонист, дар баробари танаффур лабханд занад ва лабханди ӯ ба маънои томаш пирӯзии некӣ бар бадӣ буд. Ман бар инам, ки чунин инсонҳо дар рӯ ба рӯи марг низ лабханд мезананд, дар рӯ ба рӯи қотил низ табассум мекунанд ва бо ин зӯру зӯргӯии қотили ноҷавонмардро, ки танҳо силоҳи дасташ ба ӯ тавоноӣ додааст, ба махлуқи пасту нафратомез табдил медиҳанд.
“Маро обшорони Каздон шоир кардааст,” – мегуфт Махсум Олимӣ дар посух ба ишораи атрофиён, ки гӯё “мактаби олии шеър” - ро хатм кардаанд. Ҳамин тавр дар Иттифоқи нависандагон ба ӯ ва шодравон Искандари Хатлонӣ, Алишер Қиёмов ва чанде дигар аз хатмкардагони Донишгоҳи адабии ба номи А. М. Горкийи Москва ишора мекарданд. Бархе аз ҳампешагонаш танз ҳам мезаданд, ки магар мешавад, истеъдоди шоириро дар донишгоҳ ба даст овард. Вале рӯшан буд, ки донишгоҳи адабӣ истеъдоди ин суханваронро сайқал дода, онҳоро дар сухансанҷӣ як зина болотар бурда буд, ҳарчанд шеър на илм, балки ботину сарнавишти ҳар яки онҳо буд.
Дидор бо Махсум дар Иттифоқи нависандагон ё идораи “Адабиёт ва санъат”, дар маҳфил ё тарабхонаҳо бароям ба ҳайси лаҳзаҳои рӯшану пурнур хотирмон буданд. Зиндаёд маро “бобо” мехитобид ва ҳамеша ба деҳааш даъват мекард ва мегуфт, ҳатман деҳааш бароям писанд хоҳад омад. Ҳанӯз дар гӯшам садои зебову марғуладори Махсум садо медиҳад: “Биёед, бобо, шуморо Каздон барам…” Насиб накард. Магар дар он зиндагии пуршитоб, дар он давандагиҳои беҳуда медонистем, ки ҳама чиз ин гуна зуд барҳам мехӯрад. Замонае расид, ки бадбахтӣ ҳар сонияашро пур карда буд ва вақт фишор хӯрдаву танг шудаву пур аз сиёҳӣ буду тирвор мепарид…
Шояд дили ҳассоси ӯ беҳтар аз дигарон пешомади ватан ва худашро ҳис мекард, ки он рӯзҳо ин порчаи шеъри ӯ ба гӯши ҳамагон нишаста буд:
Дар кӯчаҳои холӣ,
Мегаштам хаёлӣ.
Тарсам, ки мекушандам,
Як рӯз чун Ҳилолӣ.
Талмеҳи мисраи охир байти машҳури Ҳилолиро ёдрас мекард, ки “Ин қатраи хун чист ба рӯи ту, Ҳилолӣ? Гӯё ки дил аз ғусса ба рӯи ту давида”.
Муҳтавои диду боздидҳоямро бо Махсум чандон дақиқ дар хотир надорам, танҳо ин ки ҳар яке аз онҳо мисли гулбуне буданд, бо хушгӯиҳои шодонаю дӯстонаю мастонаю ростона. Шоир набудам, ки мисли Муҳаммадюсуфи Давронзод бо ӯ мушоираву бадеҳагӯӣ кунам, аммо ёд дорам, баъди чоп шудани ҳикояам — “Ғамбода” дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” дар хиёбоне бо ҳам рӯбарӯ шудем ва гуфт: “Бобо, ин ҳикоя не, шеър аст, саропо шеър аст. Шумо достон нависед.” Сипосгузорӣ кардам ва гуфтам, хеле мехостам, шоир бошам, аммо килограмму грамми назмро намедонам. “Шеъри сафед” нависед, Нимоӣ нависед.” Ин суханонаш дар ёдам ҳаст, ҳарчанд бароям неру медод, аммо медонистам, лутфи шоиронаи ӯст.
Махсум ба ҳама меҳрубон буд, талош мекард, ҳар нафареро бо сухани хуш ё лутфе дилшод кунад. Вале як бор шоҳиди ин будам, ки як нафари зоҳиран таҳсилдидаи олиму қаламкаш ба шӯхии дилсофонаи Махсум бо итобу ситеза посух дод. Маълум буд, ки ин кас ҳоли хуш надошт ва алами Исоро аз Мусо, яъне Махсум гирифт. Бо азобе онҳоро аз ҳам ҷудо ва дур кардем. Аз Махсум хоҳиш кардем, ба дил нагирад. Хандиду гуфт, одат дорад, ба дил намегирад, зеро чунин ҳолат зиёд иттифоқ меафтад. Пас ӯ касе буд, ки дарди дигаронро мегирифт, ба дигарон имкон медод, ки хашми худро сараш бирезанд.
Аммо аз ин ҳам қавитар хотираи дигаре ҳамеша ба ман баргаштааст, ки шояд муҳимтарин ёддошти ман аз ӯст. Ин лаҳза саҳнаест достонзеб.
Боре мо, ҳафт - ҳашт нафар дар чойхонаи «Роҳат» сари мизе давра нишаставу баҳси адабӣ доштем. Ба фикрам, устодоне мисли Мирзо Боқӣ, Сармад ва Муҳаммадзамони Солеҳ ҳам он ҷо буданд. Махсум ҳам дар баҳс бо ҷадали хос ширкат мекард. Дар байни сухани ӯ, ногаҳон, яке аз шунавандагони суҳбат ба Махсум эроде гирифт, ки мисли тарошае аз бом рабте ба мавзӯи баҳс надошт ва ба шахси Махсум, дақиқтараш ба боданӯшии ӯ ишора мекард. Махсум дилсофона лабханд зад ва дар посух ғазале аз Ҳофиз овард:
Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест,
Бода пеш ор, ки асбоби ҷаҳон ин ҳама нест.
Аз дилу ҷон шарафи суҳбати ҷонон ғараз аст,
Ғараз ин аст, вагарна дилу ҷон ин ҳама нест.
Панҷ рӯзе, ки дар ин марҳала муҳлат дорӣ,
Хуш биёсой замоне, ки замон ин ҳама нест.
Бар лаби баҳри фано мунтазирем, эй соқӣ,
Фурсате дон, ки зи лаб то ба даҳон ин ҳама нест!
Агар дар оғози ғазал ҳанӯз сарусадое дар ин қисмати чойхона ба гӯш мерасид, пас аз байти дувум гӯё пашшае дар ҳаво пар намезад, ҳама, нишастагони сари мизҳои ҳамсоя ва давру бар низ сокиту ором шудаву ба тарафи мо менигаристанд ва гӯш ба садои шаҳоматдори Махсум дода буданд. Ва бо поён ёфтани ғазал нидоҳои “аҳсант” ва кафкӯбиҳо аз сари мизҳои ҳамсоя баланд шуд. Махсум ба онҳо рӯ оварда, нимтаъзим мекард ва пайиҳам мегуфт: “Ман не, Хоҷа Ҳофиз гуфтааст!”
Умри Махсум низ ҳамин фурсати аз лаб то даҳон бурдани як қатраи талх буд. Аммо, гумон намекунам, ки худи ӯ пайте ёфт, ки ғарази худро аз ин зиндагӣ бигирад. Бояд мезисту мезист ва месуруду месуруд.
Дареғо, ки Махсуми беозор аз дасти разилони наҳзатӣ кушта шуд. Шояд касе, ки ба сӯи шоир тир андохт, дасташ хушкида бошад. Ва аммо дар сари қабри Махсум баҳорон лолаҳо мешукуфанд ва ёди некаш дар дилу дидаҳо боқист.  

Шамсуддин ХАЛИФАЕВ, сармуҳарри  рӯзномаи «Файзи Зарафшон» - и ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2019    №: 205    Мутолиа карданд: 1479
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед