logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

31 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар маҷлис нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021 - 2022 ва натиҷаҳои рушди иқтисоди миллӣ дар 9 моҳи соли 2019 баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки қисми даромади умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 дар ҳаҷми 26,1 миллиард сомонӣ, хароҷоти он 26,4 миллиард сомонӣ ва касри он ба андозаи 0,4 фоизи дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар барои соли 2020 ё ба маблағи 349,5 миллион сомонӣ муқаррар карда шуд.
Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ба соҳаҳои иҷтимоии кишвар афзалият дода шуда, дар соли 2020 барои ин соҳаҳо масраф намудани 11,7 миллиард сомонӣ баробар ба 44,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,6 миллиард сомонӣ ва дар соли 2022 - юм 31 миллиард сомонӣ, ҳаҷми умумии хароҷоти он бошад, мутаносибан ба маблағи 29,1 миллиард сомонӣ ва дар доираи 31,5 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро барои амалӣ намудани чорабиниҳое, ки дар буҷети соли 2020 пешбинӣ шудааст, вазифадор карданд.
Бо назардошти пешниҳодҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала қабул гардид.
Дар идомаи маҷлис гузориши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2021 – 2022» шунида шуд.
Таъкид гашт, ки ҷалби қарзҳои беруна тибқи афзалиятҳои муайянгардида ба роҳ монда шуда, харҷи самараноки ин маблағҳо таъмин гардад.
Дар бораи таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои соли 2021 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2022 - 2023 гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.
Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Шаҳритуз - маркази ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон раисони ноҳияҳо Зариф Назирӣ ва Ҷабборӣ Ғаффор гузориш доданд.
Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2024 сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ҳисобот дод.
Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон” ва дар бораи “Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиёт” гузориши вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода шунида шуд.
Дар кори маҷлис аъзои Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сирри давлатӣ”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” - ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, дастурҳои мушаххас доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукуматро ба масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани маъракаи зимистон, омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими сармо, захираи маводи хӯрока, вусъати корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори Ҷашни 30 -  солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷалб карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2019    №: 206    Мутолиа карданд: 9424
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед