logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА РУШДИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Насли калонсол хуб дар ёд доранд, ки мардуми адабпарвару сулҳдӯсти тоҷик, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ, инчунин, такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинҳазорсолаи хешро амалӣ намуд.
Ҳоло бо гузашти 25 - сол аз қабули Конститутсия таҷриба нишон дод, ки он воқеан ба сифати ҳуҷҷати тақдирсоз дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллӣ роҳи дурахшонеро боз намуд. Зеро, агар ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва касби мақоми шоистаи Тоҷикистони маҳбуб дар арсаи байналмилалӣ аз нигоҳи таҳлилӣ бингарем, пайванди мустақиме ба Конститутсия доранд. Зеро маҳз ба кор гирифтани меъёрҳои он дар сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат музаффариятҳои зиёде ба армуғон овард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар баробари панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф шудааст, дар таҳкими фаъолияти мақомоти судии кишвар нақши бағоят муҳим дорад. Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мазмуни қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян кардааст, ки ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Ин меъёр дар моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Зимнан, бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мазмуни онро дорад, ки ҳамаи шахсони мансабдор ва мақомоти давлатӣ бояд онҳоро эҳтиром, риоя ва ҳифз намоянд. Зарур аст, ки мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунӣ дар фаъолияти худ, пеш аз ҳама, ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба назар гиранд. Фаъолияти онҳо набояд дар ягон маврид ҳуқуқу озодиҳои инсонро халалдор ё маҳдуд созад.
Таҷрибаи судӣ ва баррасии арзу шикояти сокинон ба суд нишон медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон талаботи қонунҳои амалкунандаро намедонанд ва ё риоя намекунанд. Ҳол он ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ меъёри асосии муайянкунандаи доира ва ҳудуди ҳар гуна озодӣ қонун аст. Маҳз қонун омили асосии татбиқи принсипҳои озодӣ, адолат ва баробарӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар фарди ҷомеа масъул аст, ки барои ба даст овардани ин арзишҳои олӣ танҳо дар доираи талаботи муайяннамудаи қонун рафтор намояд.
Боиси қаноатмандист, ки бо назардошти нақши боризи ҳокимияти судӣ дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои рушди ин рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии судҳо ва судяҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Чунин ғамхориҳо мо - кормандони мақомоти судиро вазифадор менамоянд, ки дар иҷрои уҳдадориҳои худ масъулияти бештареро эҳсос намуда, дар таъмини адолати судӣ ва иҷтимоӣ фаъолнокии бештар зоҳир намоем. 

Мирзоисмон ГИЁЗОДА,  раиси cуди шаҳри Душанбе, 
Даврон НАЗИРМАДЗОДА, корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2019    №: 206    Мутолиа карданд: 997
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед