logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО

1  ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо, масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номида, аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятиро аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида, нақши фаъолияти пайвастаи Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва сиғаи нисбатан нави он - Зеркумитаи рушди ҳамкорӣ, муколамаҳои сиёсию амниятӣ ва ҳуқуқи инсонро назаррас арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, робитаҳояшро бо Парлумони Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, соҳаҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар масъалаҳои мавриди назар минбаъд ҳам густариш диҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои давраи то соли 2020 аҳамияти хосса зоҳир карданд. Татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии амал "Об барои рушди устувор” ва “Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ” барои минтақа муҳим арзёбӣ карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон баррасӣ гардида, идомаи ҳамкорӣ бо барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2019    №: 206    Мутолиа карданд: 5924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед