logo

фарҳанг

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ

Дар доираи баргузории  Фестивали байналмилалии «Шарқ - Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии  Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат маросими баимзорасии Созишномаи ҳамкорӣ  байни Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон” ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор шуд.
Дар маросими имзои созишнома Соибҷон Бегматов, директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон”, Тӯхтасин Ғафурбеков, профессори кафедраи таърихи мусиқӣ ва нақди Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  Усмонзода Хайридин Усмон, ноибони ректор ва декани факултаҳои донишкада ҳузур доштанд. 
Пеш аз имзои созишнома ректори донишкада Усмонзода Хайридин Усмон перомуни робитаҳои густурдаи фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон иброз дошт, ки муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду кишвар маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сол ба сол рушду густариш меёбанд.
Ба таъкиди Усмонзода Хайридин Усмон, имзои созишнома имкон медиҳад, ки робитаҳои илмии донишкада бо Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон” беш аз пеш тавсеа ёбанд, табодули таҷрибаи донишҷӯёну устодон васеъ ба роҳ монда шавад, китобҳои дарсии  олимони ҳар ду кишвар ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ тарҷима ва ба табъ расанд.
Директори генералии Муассисаи давлатии “Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон” Соибҷон Бегматов тазаккур дод, ки “Шашмақом мерос ва сарвати умумиии халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад. Мо бояд онро дар якҷоягӣ рушд ва такомул бахшем”.
Зикр гашт, ки имзои созишнома қадами нахустин аст ва итминон ҳосил шуд, ки дар оянда дар ин самт, ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар, гомҳои  устувор гузошта мешаванд.
Тӯхтасин Ғафурбеков, профессори кафедраи таърихи мусиқӣ ва нақди Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, оид ба мақому манзалати мақом ибрози назар намуда, аз ҷумла иброз дошт: “Бисёр мехоҳам, ки мақомҳо он ҷойгоҳеро, ки дар қарнҳои XVIII - XX доштанд, аз нав барқарор намоянд. Мақом фалсафа аст, онро бояд амиқ дарк кард, такомул бахшид ва эҳтиром намуд”, - таъкид кард Тӯхтасин Ғафурбеков.
Ҳадафи асосии баимзорасии созишнома, таъмини мубодилаи иттилоот дар соҳаи  санъати мусиқӣ, мусиқишиносӣ ва таҳсилоти мусиқӣ, гузарондани таҳқиқоти илмии муштарак дар самти масоили мусиқӣ ва омӯзгорӣ (“устод - шогирд”) ва нашри натоиҷи таҳқиқот ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ, ифтитоҳи филиалҳои марказ дар ҳар ду муассиса, барои ҳамкориҳои муштараки самаранок ҷиҳати рушди санъати мусиқии миллии классикии Шашмақом мебошад.
Ҳамзамон, Созишномаи ҳамкорӣ байни Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба имзо расид.

Додоҷон  РӮЗИЕВ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2019    №: 206    Мутолиа карданд: 1347
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед