logo

фарҳанг

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ ИЛМ

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар риштаи илму маориф ҳанӯз солҳои 20 - 30 - юми қарни гузашта оғоз гардида,  марҳила ба марҳила таҳким меёфт. Садҳо хатмкардаи мактабҳои олии ду кишвар ба болоравии иқтидори илмӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳар ду ҷумҳурӣ мусоидат намуданд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи маориф ва фарҳанг низ робитаи судмандро ба роҳ монданд. Дар Тоҷикистон мактабҳои таҳсилашон бо забони ӯзбекӣ ва дар Ӯзбекистон мактабҳои тоҷикӣ амал мекунанд. Дар даврони шӯравӣ чунин анъана вуҷуд дошт, ки дар мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои педагогии чумҳуриҳо барои мактабҳои миёнаи тарафайн кадрҳои омӯзгорӣ тайёр менамуданд.
Донишгоҳи давлатии Тошканд, донишкадаҳои давлатии педагогии Тошканд ба номи Низомӣ, Фарғона, санъати Тошканд, педагогии Андиҷон ва омӯзишгоҳҳои педагогии Ангрему Бекобод ҳамасола хатмкардагонро ба мактабҳои миёнаи Тоҷикистон мефиристоданд. Асосан, омӯзгорони фанҳои физика, математика, забон ва адабиёти ӯзбек, таълими ибтидоӣ ба Тоҷикистон меомаданд. Масалан, солҳои 1976 - 1985 аз Донишкадаи педагогии ба номи Низомӣ 195 нафар ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Барои мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон бошад, кадрҳои омӯзгорӣ дар донишкадаҳои педагогии шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе тайёр карда мешуданд. Чунончи, аз ин ҳисоб солҳои 1976 - 1986 ба Ӯзбекистон 265 нафар омӯзгор фиристода шуд.
Тибқи маълумоти соли 2008, дар Ӯзбекистон 9461 мактаб амал мекард, ки дар 334 мактабаш дарсу машғулиятҳо ба забони тоҷикӣ сурат мегирифт. Имрӯзҳо дар донишкадаву донишгоҳҳои педагогии Самарқанд, Бухоро, Фарғона ва Тирмиз факултети забон ва адабиёти тоҷик амал мекунад. Дар донишгоҳи Самарқанд 9 гурӯҳи тоҷикӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Донишгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд бошанд, факултетҳои филологияи ӯзбек доранд. Бояд таъкид кард, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров аз охири солҳои 80 - уми асри гузашта факултети филологияи ӯзбек таъсис ёфта буд. Соли 2012 бинобар кам гаштани теъдоди донишҷӯён ин факултет баста шуд ва ҳамчун шӯъба ба факултети забонҳои шарқ шомил гашт. Моҳи ноябри соли 2018 факултети филологияи ӯзбек боз аз нав эҳё шуд. 
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ байни ду давлат дар асоси шартнома тайёр намудани кадрҳо боз ба роҳ монда шуд. Ин амал бо назардошти теъдод ва эҳтиёҷоти халқиятҳои ба ҳам дӯст роҳандозӣ гардид.
Яке аз роҳҳои муҳими мустаҳкам намудани равобити дӯстӣ байни давлатҳои минтақа дар асоси кооператсия ва шартнома ба роҳ мондани таҳсили донишҷӯён дар мактабҳои олӣ ва расондани ёрии методӣ дар омӯхтани забони модарӣ ба шумор мерафт. Чунончи, соли 1992 ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон аз Осиёи Марказӣ 358 ҷавон қабул гашт, ки аз он 123 нафараш сокини Тоҷикистон буд. Соли хониши 1991 - 1995 ба 123 ҷавони тоҷики ӯзбекистонӣ барои давом додани таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон роҳхат дода шуд.
Тибқи маълумоти Г. Мачин соли 1994 аз 1312 ҷавони ӯзбекистонӣ, ки дар асоси шартнома дар мактабҳои олии ҷумҳуриҳои ҳамсоя таҳсилро идома медоданд, 412 нафараш ба Тоҷикистон рост меомад. Дар асоси шартнома аз мактабҳои тоҷикии вилояти Тошканд 10 нафар соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд қабул гаштанд. Дар навбати худ, аз вилояти Суғд писарон ва духтарони мактабҳои ӯзбекӣ ба мактабҳои олии Тошканд барои идомаи таҳсил фиристода шуданд.
Дар солҳои охир Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон ғафуров бо донишгоҳҳои Ӯзбекистон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Чунончи, ҳангоми ба донишгоҳи Хуҷанд омадани ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Р. И. Холмуродов шартномаи ҳамкорӣ дар самтҳои илмӣ - таҳқиқотӣ, таълимӣ - методӣ ва табодули омӯзгорону донишҷӯён ба имзо расид.
Дар хусуси баргузории анҷуманҳои илмӣ ҳаминро таъкид бояд кард, ки танҳо дар солҳои 1998 - 2000 дар Ӯзбекистон 230 ҳамоиши илмӣ баргузор гашт, ки зимни он, инчунин, шартномаҳои ҳамкорӣ низ имзо гаштанд.
Ҳамин тавр, байни ду давлати ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳои судманд дар риштаи илм ва маориф дар даврони шӯравӣ заминагузорӣ шуда, ин дар солҳои соҳибистиқлолӣ боз ҳам густариш пайдо кард.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА, ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, профессор,
Ҷӯрабек ИСОМИДДИНОВ, номзади илмҳои таърих, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2019    №: 207    Мутолиа карданд: 1460
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед