logo

ҳуқуқ

ДУ БОЛИ ИСТИҚЛОЛ. ДАР БОРАИ КОНСТИТУТСИЯ ВА ОЗОДӢ

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат ба ҳуҷҷати сарнавиштсоз, яъне Конститутсияи навро дошт ва ин санади таърихӣ ва тақдирсози кишвар 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҷойи зикр аст, ки дар таҳия, омодасозӣ, қабул ва такмили ин бахтномаи халқи тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ доранд.
Конститутсия ва озодӣ ду боли истиқлоли давлат ҳамчун роҳнамои ҳар як кишвару миллат аст ва маҳз ин санади олӣ тавонист кишвари моро озод ва раванди зиндагонии орому осоиштаро таъмин ва таҳкиму тақвият бахшад.
Маҳз тавассути роҳбарии хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Конститутсия мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзишии он дар сатҳи муосир ба вуҷуд оварда шуданд.
Андешаи нави давлатдории муосири тоҷикон, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аввалин маротиба аз ҷониби Сарвари тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳи ояндаи Тоҷикистон расман садо дод: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст». Ин нуқтаи муҳим дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври абад сабт гашт.
Аз замони қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Бо саъю талошҳои хастанопазир ва фарогири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъияти ба сари мардуми тоҷик таҳмилгардидаи ҷанги шаҳрвандӣ, музокироти миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва оромии Тоҷикистон буд, шурӯъ гардид.
27 июни соли 1997 Сарвари давлат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро ба имзо расонданд. Созишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрам, ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия пешбинӣ намуд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф аввалин тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид шуданд. Аз ҷумла, ба боби 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гаштанд, ки тибқи онҳо дар мамлакат парламенти доимоамалкунандаи касбӣ – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, таъсис ёфт.
Ҳамзамон, пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб мекард, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил ёфта, ба талаботи замон мувофиқ гардонда шаванд. Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003 иброз намуда буданд: «Меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намоянд».
Аз ин рӯ, як гурӯҳ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус баромад намуданд. Пешниҳоди намояндагони халқ иборат аз ҳифзи арзишҳо ва дастовардҳое буданд, ки дар давоми солҳои 1992 – 2003 ба даст омада буданд. Тағйиру иловаҳои мавриди назар, аз ҷумла масъалаҳои зеринро дар бар гирифтанд: арзиши олӣ, эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муқаррар намудани муҳлати ваколати Президент ба 7 сол ва на бештар аз ду муҳлат пай дар пай. Муҳлати ваколати судяҳо низ ба 10 сол дароз карда шуд.
Бори дуюм, 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ин, пеш аз ҳама, самараи заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Халқи Тоҷикистон амалан ихтиёри давлатдориро ба даст гирифта, асосҳои ҳуқуқии барпо намудани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонд ва заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохта, дар кишвар раванди бунёдкориро оғоз бахшид.
Тағйиру иловаҳои воридшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2016 тақозои рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, меъёрҳои он пайваста такмил дода шуданд. Инкишофи меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёфта, бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, ба инобат гирифтани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458 тасдиқ шудааст, дар матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳҳо ва ибораву калимаҳо мукаммал гардонда шаванд.
Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба шумор меравад. Тағйироти мазкури Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи адолатпеша мусоидат намуданд.
Дар маҷмӯъ, Конститутсияи қабул-намудаи мардуми Тоҷикистон тавонист ифодагари манфиатҳои доимии халқ бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, Тоҷикистонро дар арсаи олам муаррифӣ кунад ва барои сулҳу субот ва ваҳдати комил расидани мо нақши муҳим бозад. Маҳз бо дарназардошти чунин меъёрҳои фарогири ҳуқуқи инсон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарин давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.

Дилшод ДАВЛАТЗОДА, мутахассиси пешбари бахши
ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
масъалаҳои ҳуқуқӣ, унвонҷӯи шуъбаи сиёсатшиносии
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2019    №: 208    Мутолиа карданд: 1320
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед