logo

ҳуқуқ

СУБОТ ВА РУШД. ДАР БОРАИ РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ

Қабули Конститутсия ба сифати санади олии ҳуқуқӣ дар 25 соли пеш имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муваффақ шавад. Он дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар, таҳким ва рушди давлатдорӣ заминаи воқеӣ гузошт. Меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, дар асоси моддаи 9 ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.
Вобаста ба салоҳияти конститутсионии худ, ҳар як рукни ҳокимияти давлатӣ, яъне ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба сифати мақомоти давлатии мустақил, новобаста аз якдигар доираи муайяни фаъолияти худро дошта, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ амал менамоянд. Чунин тақсимоти ҳокимият барои таҳкими давлати ҳуқуқбунёд мусоидат намуда,  намегузорад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби сохтори алоҳида поймол гардад. Зимнан, Конститутсия барои амалӣ гардондани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар самаранокии идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт.
Боби шашуми Конститутсия пурра ба яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ - ҳокимияти иҷроия, яъне мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ бахшида шудааст. Дар ин боб вазъи конститутсионии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ шудааст, ки дар навбати худ онро ба ду навъ: мақомоти намояндагӣ ва иҷроия ҷудо менамояд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро дар алоқамандӣ бо низоми мақомоти худидораи маҳаллӣ, сохторҳои маҳаллии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарварони маҳалҳо, соҳибкорон, кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ ба роҳ мемонад ва шаҳрвандонро барои иштирок дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ ҳавасманд месозад.
Зери мафҳуми худидораи маҳаллӣ низоми ташкили фаъолияти аҳолии шаҳрак ва деҳот дониста мешавад. Мувофиқи моддаи 78 Конститутсия мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқан ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мебошанд. Онҳо дар татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар идораи корҳои ҷамъият ва давлат ёрӣ мерасонанд, масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллидоштаро ҳаллу фасл ва амалӣ мекунанд.
Ҳоло мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти салоҳияти худ дар идоракунии давлатӣ мавқеи намоён дорад. Моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ», ки аз Конститутсия сарчашма мегирад, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ҳамчун субъекти ҳуқуқэҷодкунанда низ муайян намудааст.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо назардошти рушди ҳаёти ҷомеа, идоракунии маҳаллӣ ва худидоракунӣ ба гунаи мусбат ташкил ва рушд кардааст. Аз ҳоло пешбинӣ мешавад, ки ташаббуси бағоят муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ин самт такони наве хоҳад шуд. 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои худ аз дигар конститутсияҳои даврони гузашта бо он фарқ мекунад, ки ҳамчун заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардидааст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ сохтори худидоракунӣ буда, ба воситаи он муносибатҳои байни одамон ва мақомоти давлатӣ устувор мегардад. Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди Истиқлолияти давлатӣ ва, бахусус дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар шаҳраку деҳот назаррас ва ҳам амри зарурист. Мувофиқи маълумоти расмӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 14 ҳазор институти гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ амал мекунад, ки ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ёрӣ расонда, сол ба сол нуфузи бештар пайдо мекунанд.
Аслан, ҳамаи дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, ки бо роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат чи дар сиёсати дохилӣ ва чи дар сиёсати хориҷӣ ба даст омадаанд, ба Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ  пайвастагии комил доранд. Аз ин рӯ, ҳар фарди ҷомеаи рӯ ба тараққии моро зарур аст, ки бо дарки ин ҳақиқат дар таъмини волоияти қонун ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд. Зеро эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳои кишвар, таъмини волояти қонун, кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадон аст.

Саидумар МАҶИДЗОДА, ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси
ноҳияи Фирдавсӣ, унвонҷӯи Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2019    №: 208    Мутолиа карданд: 1226
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед