logo

ҳуқуқ

ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН. КОНСТИТУТСИЯ ДАР КАДОМ ҲОЛАТ ОНРО МАҲДУД МЕКУНАД?

Яке аз нишонаҳои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он мебошад. Аз ин рӯ, мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадоранд, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, тадбирҳои судманд андешанд.
Конститутсия муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, аз ин роҳ таъмини онро кафолат медиҳад ва, қабл аз ҳама, дар муқаррар намудани ҳудуди салоҳияти рукнҳои давлат ифода меёбад. Аз ин рӯ, дар Конститутсия чунин омадааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд». Ҳамзамон бо ин, Конститутсия доираи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, ҳангоми зарурати қонунӣ маҳдуд кардани онҳоро низ пешбинӣ мекунад.
Бо дарназардошти ин амри пазируфташуда Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар мекунад: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Ин меъёри конститутсионӣ татбиқи амалии худро дар фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти судӣ пайдо мекунад, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар маҳз мақомоти судӣ дорои ин ваколат аст.    
Мақомоти судӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, амру фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд. Зимнан, Конститутсия дар радифи дигар рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, мавқеъ ва салоҳияту ваколатҳои ҳокимияти судиро муқаррар намуда, самтҳои рушду такомули онро муайян кардааст. Албатта, дар роҳи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ҳоло ҳам масъалаҳое ҳастанд, ки бояд дар доираи Барномаи нави ислоҳоти судию ҳуқуқӣ ҳаллу фасл шаванд.
Тавре маълум аст, Конститутсия мақоми баланди ҳуқуқӣ дошта, ҳеҷ як санади ҳуқуқии дигар наметавонад, ки мухолифи он бошад ва агар дошта бошад, эътибори ҳуқуқӣ дошта наметавонад.

Маҳмадалӣ РУСТАМЗОДА, судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.11.2019    №: 209    Мутолиа карданд: 865
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед