logo

ҳуқуқ

ҚОНУНИ АВФ БА ДАҲҲО ҲАЗОР ХОНАВОДА СУРУРУ ШОДМОНӢ БАХШИД

25 октябри соли ҷорӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун як рӯзи хотирмону таърихӣ сабт шуд. Дар ин рӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баррасӣ намуда, ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 25 - солагии қабули Конститутсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» - ро қабул кард. Дар натиҷа, беш аз 20 ҳазор нафар аз маҳбасҳо озод ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд. Агар ин шумораро ба шумули пайвандони маҳбусони озодшуда ба инобат гирем, дар маҷмӯъ, садҳо ҳазор шаҳрванд дар пайи тасвиби ин қонун шоду масрур гардид.
Наворҳо аз лаҳзаи баромадани маҳбусони озодшуда аз тариқи телевизион, кулли тамошобинони ватандӯст (албатта, ба ғайр аз террористони наҳзатӣ) – ро ба ҳаяҷону изтироб овард. Ашки шодии модарону ҳамсарон ҳамагонро такон дода, бори дигар сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлатро таҷассум намуд. Ҳама бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ин амали инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат – Сарваре, ки худро масъули хушбахтии шаҳрвандон дониста, ҳама кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, то мардум дар муҳити орому осуда зиндагӣ кунанд, ситоиш мекарданд.
Акнун ояндаи озодшудагон дар дасти худи онҳост. Метавонанд, бо истифода аз озодиҳои хеш ва шароити мусоиди кору фаъолияти қонунӣ, даст ба корҳои манфитабори шахсиву ҷамъиятӣ зананд. Набояд ба ин неъмат носипосӣ кунанд ва боз ҷиноят содир намоянд. Чунки барои кору зиндагии арзанда имрӯз дар кишвари мо ҳама шароит ҳукмфармост.
Масъалаи дигаре, ки маҳбусони озодшуда бояд ба он бархӯрди муносибе дошта бошанд, ин огоҳӣ аз макри душманони миллати тоҷик ва фаъолиятҳои тарғиботии зиддимиллии онҳост. Озодшудагон бояд донанд, ки имрӯз дар фазои маҷозӣ душманони онҳо дом гузоштаанд. Аз ин рӯ, набояд ҳушёриро аз даст дода, бо сомонаҳои иғвобарангез сару кор гирифт ва бо хоинони миллати тоҷик муколамаи интернетӣ дошт. Зеро онҳо мехоҳанд ҷавонони тоҷикро гумроҳ кунанд ва аз ҷону моли онҳо ба манфиати худ суистифода кунанд. Ин маккорон метавонанд дар як рӯз хушиҳои зиндагиро аз нафарони мавриди назарашон рабоянд ва ба амалҳои тахрибкорона таҳрик бахшанд.
Ин ташаббуси инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат далели равшани он аст, ки низоми демократӣ ва дунявӣ дар ҳоли ҳозир беҳтарин низом аст. Ва чунин низомро шахсиятҳое сохта метавонанд, ки инсондӯстӣ, адолат, ватандӯстӣ ва мардумпарварӣ дар замирашон нуҳуфтааст. Маҳз мавҷудияти чунин арзишҳои олии инсонӣ дар вуҷуди Президенти маҳбуби Тоҷикистон буд, ки дар ин шабу рӯз ҳазорҳо хонаводаро аз нури шодиву хурсандӣ мунаввар сохтанд. Ин қабил ташаббусҳои неку халқпарварона боварӣ ба ояндаи худ ва фарзандонро дар дили кулли шаҳрвандони кишвар боз ҳам зиёдтар менамояд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки зери роҳбарии чунин шахсияти тобноки таърих дар чунин низом ҳеҷ вақт хориву зиллатро намебинанд. Албатта, ҳастанд неруҳое, ки ин комёбиҳои моро намехоҳанд ва шабу рӯз дар пайи шикасти ин низоми адолатпарваранд. Вале пуштибонии асосии низом ва Ҳукумати адолатпарвари Тоҷикистон халқ аст ва тири душманони миллат ҳамеша хок хоҳад хӯрд.

Хуршеди МУРОД, таҳлилгари масоили сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.11.2019    №: 209    Мутолиа карданд: 989
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед