logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии пойтахти кишвар бо гӯшти баландсифату арзон ва муътадил нигоҳ доштани нархи он Корхонаи воҳиди давлатии “Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия” - и шаҳри Душанбе бо ширкатҳои Ҷумҳурии Беларус ҶСК  “Комбинати гӯшти Слонимск” ба маблағи як миллион доллари ИМА ва ҶСК “Комбинати гӯшти Слутск”  панҷсад ҳазор  доллари ИМА ҷиҳати хариди гӯшти гов шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расондааст.    

Бино ба иттилои Фаррух Хушвақтзода, директори корхона, дар доираи шартномаи басташуда бо  ширкатҳои номбурда ба ҷумҳурӣ воридоти 300 тонна гӯшти чорвои калон дар назар аст. Айни замон 20 тонна гӯшти гов оварда шуд. Шароити забҳ, интиқол, воридот ва то ба дасти истеъмолкунанда расондани маҳсулот зери назорати қатъист. Ҳар килои он  бо нархи 45 сомонӣ ба мизоҷон пешкаш  мешавад. Бо назардошти талаботи сокинон ва дархости харидорон воридоти гӯшт бештар мегардад.
Тавре Бобошо Кармишев, сардори раёсати бехатарии озуқавории  шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, иброз дошт, воридоти маҳсулот танҳо ба он ширкатҳое иҷозат дода мешаванд, ки дорои сертификати “Ҳалол” буда, тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо амал менамоянд. Барои вазъи эпизоотикии ин кишварҳоро омӯхтан, аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мутахассисон ва коршиносони давлатӣ ба он ҷумҳуриҳо фиристода мешаванд. Тибқи санҷиши мутахассисони соҳа имрӯзҳо бо дастури роҳбарияти шаҳри Душанбе барои сокинони пойтахт гӯшти босифату ҷавобгӯи талабот  ворид мешавад.
Баробари ба роҳ мондани воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар, ҳамчунин, дар пойтахти мамлакат шароитҳои нигоҳдорӣ ва интиқол низ ба андозаи зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Маҳсулоти гӯштӣ дар яхдонҳо нигоҳ дошта шуда, бо техникаҳои махсус ба маконҳои даркорӣ интиқол меёбад. 
Бино ба иттилои Фаррух Хушвақтзода, дар самти истеҳсол ва фурӯши гӯшт сифати маҳсулот, бехатарии он ва риояи  қоидаҳои  забҳи чорво аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Бо ин мақсад бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Душанбе мутахассисон - кормандони соҳа барои забҳи чорво ба ин давлатҳо сафарбар карда шудаанд.  Ташкил ва ба фаъолият шурӯъ намудани мағозаи фурӯши гӯшт дар маҳаллаи 33 - и ноҳияи Сино низ, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аст, яке аз  иқдомҳо дар ин самт мебошад. 
Барои  афзун намудани маҳсулоти гӯштӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани арзиши он дар фурӯшгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  аз хориҷи мамлакат 792 сар чорвои зинда оварда шуд. Дар оянда боз марҳила ба марҳила ба кишвар чорвои зиёд   ворид мегардад.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2019    №: 210    Мутолиа карданд: 2072
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед