энергетика
"РОҒУН" МАНБАИ НУРУ ЗИЁ ВА САРЧАШМАИ РУШД
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид буд, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри некуаҳволии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеи давлатамон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ самараҳои нек ба бор овард. Маҳз бо шарофати ин иқдомҳо бори аввал аз зимистони солҳои 2017 - 2018 мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бемаҳдудият бо неруи барқ таъмин гардиданд.
26 июли соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо роҳбарону масъулони НБО “Роғун” ва фаъолони шаҳр, таъкид доштанд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар, барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ниҳоят бузург дорад.
НБО “Роғун” - майдони корнамоиҳои бузурги асри 21, яке аз неругоҳҳои калонтарин ва нодири ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бунёди он ифтихори мост. Бо ба пуррагӣ ба итмом расидани сохтмони он дар роҳи рушду тараққиёти кишвари азизамон марҳилаи нав оғоз меёбад.
Агар ба таърихи сохтмони НБО “Роғун” рӯ орем, сарнавишти онро бисёр печида ва саршор аз монеаҳои сунъӣ дармеёбем. Новобаста аз он ки иқдоми дубора бунёд намудани неругоҳ бо мухолифатҳое рӯ ба рӯ шуд, вале бо ҷаҳду талошҳои бесобиқа ва сиёсати оқилонаю дурандешонаи Сарвари давлат ва бо дарки амиқи аҳамияти иқтисодии ин иншооти азими аср корҳои сохтмонию барқарорсозӣ вусъати тоза ёфта, 16 - ноябри соли гузашта аввалин чархаи неругоҳ ба кор оғоз намуд. Боиси ифтихор аст, ки имсол низ дар рӯзи Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ чархаи дуюми неругоҳ ба истифода дода шуд. Дар ҳақиқат НБО “Роғун” - ро метавон арсаи номус ва қаҳрамонӣ номид.
Ҳамагон шоҳидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба ба ин сохтмони азими аср сафари корӣ анҷом дода, аз рафти бунёди он дидан ва бо сохтмончиён вохӯрию суҳбатҳои самимӣ доир намуданд. Махсусан, 29 - уми октябри соли 2016 - рӯзе, ки Пешвои миллат бо булдозер зиёда аз яку ним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба эъмори сарбанди неругоҳ оғоз бахшиданд. Ин рӯз барои мардуми тоҷик санаи хотирмон мебошад.
Инак, мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами худ ба ин орзуи чандинсолаи худ расид ва фикр мекунам, иншооти мазкур дар даврони Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин дастоварди халқи тоҷик ба шумор меравад.
Шаҳноза ҲАБИБОВА, магистранти бахши дуюми
Донишкадаи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.11.2019 №: 210 Мутолиа карданд: 17143