мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ОДРИ АЗУЛЕ
8 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо директори кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ЮНЕСКО барои густариши ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф изҳори сипос намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳифзу гиромидошти мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани номгӯи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, воқеъ дар Роҳи абрешим, баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ - рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ, минҷумла забон, фарҳанги куҳантаърихи миллат ва анъанаву суннатҳои неки ниёгон аҳамияти басо муҳим касб кардаанд.
Ҷонибҳо ҳадафи аслии ҳамкориро мусоидат ба таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори кишварҳои аъзои созмон аз ҳисоби густариши робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг маънидод намуданд.
То имрӯз номинатсияҳои “Шашмақом”, “Наврӯз” ва “Чакан - санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки соли 2020 - ум 5500 - солагии шаҳри қадимаи Саразмро, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид шуда буд, таҷлил намояд.
Дар ҷараёни мулоқот лоиҳаҳои мазкур ба татбиқи нақшаи ҷалби сайёҳон ба кишварҳои минтақа, алалхусус Тоҷикистон, муаррифии шоистаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвари мо, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла мусоидати ЮНЕСКО оид ба таҳияи стратегияи рушди таҳсилот ва такмили усулҳои омодасозии омӯзгорон, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир сохтанд. Дар ин зимн директори кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои махсуси ЮНЕСКО оид ба омӯзиши пиряхҳо ва обистифодабарӣ, ҳамчунин захираҳои биосфера тақвият бахшида шаванд.
Дар робита ба ин атрофи мушкилоти рӯзмарраи ҷаҳонӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои манфии он мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз директори кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.11.2019 №: 211 Мутолиа карданд: 6324